Тақдими ҷоизаи «Тоҷ барои сифат» ба МД «Ҷаҳоннамо»
Нашр шуд. Пан, 26/03/2015 - 15:46
Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид ба дарёфти ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» сазовор гардид. Ҷоиза аз ҷониби Ширкати байналхалқии Business Initiative Directions созмон дода шудааст.
Маросими супоридани ҷоиза шоми 22-юми марти соли 2015 дар толори конвенсияҳои Меҳмонхонаи Интер-Континентали шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки намояндагони тақрибан 80 давлати ҷаҳон ва беш аз 200 ширкату муассисаҳо аз тамоми нуқоти олам доир гардид. Раиси ширкати Business Initiative Directions Хоссе Прието ҷоизаро ба директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» - Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон бо тантана тақдим намуд.
Ёдрас мешавем, ки ширкати Business Initiative Directions соли 1986 ташкил гардида, қароргоҳи асосии он дар Испания воқеъ аст. Фаъолияти ширкат асосан ба дастгирии ташкилоту корхонаҳо дар соҳаи сифат, сарварӣ ва технологияву инноватсия равона шудааст. Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифат дар идоракунии истеҳсолот буда, то имрӯз намояндагони 178 кишвари дунё ба дарёфти ҷоизаҳои ширкати мазкур сазовор гардидаанд.