Таҷлили 19 – умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ (ВИДЕО)
Нашр шуд. Пан, 30/06/2016 - 08:22
Санаи 27 – уми июни соли 2016 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо тантанаҳои бошукӯҳи идона таҷлил карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар мардуми ҷамъомада ва кулли сокинони Тоҷикистонро бо солгарди 19-уми ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, ҳамагонро ба посдори арзишҳои волои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш, оромию субот ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд.
Дар суханронӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки “Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.
Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.”
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.
Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.”
Сарвари давлат ҳамчунин аз иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъат бахшидани бунёдкориву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки “Танҳо дар се соли охир барои рушди вилоят беш аз як миллиарду ҳафтсад миллион сомонӣ масраф гардидааст.
Солҳои наздик дар вилоят татбиқи даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузории нав ба маблағи умумии садҳо миллион сомонӣ барои таҷдиди роҳҳо, бунёди нерӯ¬гоҳҳо ва таҷдиди шабакаҳои обрасонӣ ба нақша ги¬рифта шудааст, ки бешубҳа, боиси боз ҳам беҳтар гардидани некӯаҳволии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хоҳад шуд.”
Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинӣ аҳли зиё, намояндагони фаъоли шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳамчунин меҳмонон аз 17 давлати дунё иштирок намуданд.
Барномаи театрикунондашудаи аҳли ҳунару фарҳанги ҷумҳурӣ, ки аз нигоҳи сатҳ ва муҳтаво беҳтарин дониста шуд, ба кулли иштирокдорон писанд омад.