ТВ Варзиш таъсис дода шуд

Имрӯз дар ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қарори ҳукумат муассисаи давлатии телевизиони Варзиш таъсис дода шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни тасдиқи аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси шабакаи панҷуми сартосарии телевизиони Тоҷикистон дар назди роҳбарияти Кумитаи мазкур ва дигар расонаҳои давлатии иттилоърасонӣ доир ба беҳсозии барномаҳои ТВ ва дигар маводи расонаӣ супоришҳои мушаххас гузошт. Таъкид гардид, ки зебоиҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва таъриху фарҳанги пурғановати мо бояд бо завқу салиқаи баланд ва таври шоиста инъикос ва муаррифӣ карда шавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ТВ Варзиш ҳам таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бо ёдоварӣ аз нишондодҳои рӯзафзуни варзишгарони тоҷик дар минтақа ва ҷаҳон доир ба ташкили фаъолияти хуби ин шабакаи нави телевизионӣ дастуру ҳидоятҳои судбахш дод.
Ин шабакаи телевизионӣ моҳи ноябри соли равон ба кор шуруъ хоҳад кард
АМИТ ХОВАР