Театри Маяковский на тахриб, балки кўчонида мешавад
Пойтахти кишвари азизамон - Душанбе симои худро мутобиқ ба лоиҳаҳои меъмории байналмилалӣ рӯз ба рӯз тағйир медиҳад. Аз ҷумла, сохтмони биноҳои баландошёна ва замонавӣ дар қисмати марказии шаҳри Душанбе, хоссатан дар хиёбони Рӯдакӣ рӯи даст гирифта шудаанд ва иншоотҳои як то сеошёнае, ки ба талаботи шаҳрсозӣ ва конструктивӣ ҷавобгӯ нестанд ва симои меъмориашон коста гардидааст азнавсозӣ ва ё ба дигар қисматҳои шаҳр кӯчонида мешаванд.
Дар асосии нақшаи генералии пойтахт, ки солҳои 1975-1983 таҳия гардида буд, ки роҳандозии он соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 тамдид ёфт, зарурати кӯчонидани бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковскийро низ ба миён овард.
Бинобар ин, босиси таассуф аст, ки дар баъзе расона ва сомонаҳо ҳангомае ба вуҷуд омад, ки гўё фаъолияти ягона театри русии пойтахт қатъ мегардад ва он ба нобуд шудани фарҳанги театрии рус дар Тоҷикистон боис мегардад.
Дар робита ба кўчонидани театри мазкур Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский охири солҳои 20-уми садаи бист сохта шуда, аз як ошёна ва 300 ҷойи нишаст иборат буд ва бо сабаби кўҳнаву фарсуда гардидани бино ба талаботи театри замонавӣ мувофиқат намекунад. Ҳайати кормандони Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский фаъолияти минбаъдаашонро дар бинои «Кохи Тоҷикистон» идома медиҳанд. Бинои мазкур дорои 500 ҷои нишаст буда, дар қабати Боғи фарҳангиву фароғатии «Дӯстии халқҳо» ҷойгир аст, ки яке аз мавзеъҳои сераҳолии шаҳр маҳсуб мешавад. Доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти муназзами ҳайати эҷодӣ ташкилотҳои марбута супоришҳои мушаххас гирифтанд, ки дар муҳлати кўтоҳтарин чораҷӯӣ мешаванд.
Ва Ҳунармандони ин театр минбаъд метавонанд фаъолияташонро дар Кохи Тоҷикистон идома диҳанд, ки макони кох дар шафати боғи фарҳангӣ ва мобайни се донишгоҳи давлатӣ, ду бозори бузурги пойтахт ва садҳо иншооти маъмурию давлатӣ ќарор дорад.
Бояд тазаккур дод, ки Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ягона театри русӣ дар ҷумҳурӣ набуда, Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бўстон низ аз калонтарин театрҳои мамлакат маҳсуб мешавад.
Ҳангомаи тахриб ва аз байн бурдани Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский асос надошта, ҳунармандони театри мазкур минбаъд фаъолияти ҳунарии худро дар Кохи Тоҷикистон, ки дар яке аз мавзеъҳои зебои шаҳр воқеъ ва мамлуъ аз аҳолист, идома хоҳад дод.
Тафсилоти мавзӯъро аз барномаи “Меҳвар”-и Радиои Тоҷикистон бишнавед: