Тоҷикистону Беларус дар самти омода кардани мутахассисони телевизион ва радио ҳамкорӣ мекунанд
Имрўз, 21.08.2020 вохўрии Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов баргузор шуд.
Дар ҷараёни вохўрӣ масъалаи густариши ҳамкориҳо дар соҳаи телевизион ва радио, аз ҷумла дар самти омода намудани мутахассисон ва табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Кумитаи телевизион ва радио изҳор дошт, ки мо ба тавсеаи равобити дуҷониба бо ҷониби Беларус дар соҳаи телевизион ва радио омода ҳастем.
Таъкид гардид, ки густариш пайдо кардани муносиботи дуҷониба дар соҳаи телевизион ва радио заминаи муҳим барои муаррифии ҳарчи бештари таъриху тамаддун, фарҳанг, пешрафтҳои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳӣ, инчунин табиати нотакрори ду давлат ба ҳисоб меравад.
Сафири Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов бо ёдоварӣ аз муносиботи дўстонаи сарони ду давлати дўст изҳор дошт, ки тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи самтҳо ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
Олег Иванов омодагии ҷониби Беларусро барои ташкили давраҳои омўзишӣ ва такмили ихтисоси гурўҳҳои эҷодиву техникии шабакаҳои телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус изҳор дошт.
Ҷонибҳо масъалаҳои табодули барнома, филм ва ролику лавҳаҳои тарѓибкунандаи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, манзараҳои зебо, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва пахши онҳо дар шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои ду мамлакатро баррасӣ намуданд.