Тоҷикистон ҷонибдори ғояи таъсис додани Котиботи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ мебошад
Тоҷикистон ҷонибдори таъсис додани Котиботи СПЕКА мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) изҳор намуданд.
«Мо бар онем, ки фаъолияти мақоми нави доимӣ бояд тибқи авлавиятҳои рушди иқтисодии ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ сурат гирад, — таъкид доштанд Сарвари давлат. — Омодаем, ки пешниҳодҳоро оид ба шакл ва макони ҷйгиршавии Котибот ба таври созанда баррасӣ намоем».
Пешвои миллат иброз намуданд, ки вақти он расидааст дар доираи Барнома лоиҳаҳои муштараки воқеан амалкунанда ба татбиқ расонида шаванд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ғояи таъсис додани Бунёди мақсадноки СПЕКА-ро ба ҳадафи сафарбар намудан ва ҷалби захираҳои молиявии кишварҳои иштирокчӣ ва созмонҳои донорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар давлатҳои иштирокчии Барнома дастгирӣ менамояд.