Тулӯи хуршеди Аҷам

Ба ифтихори 700 солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
 
«Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо осори гаронбаҳои худ, ки асоси онҳоро дарки дурусти масъалаҳои фалсафию ҳикмат ва ахлоқу адаб ташкил медиҳанд, дар тамаддуни Шарқ мақоми барҷаста дорад.
Вай, пеш аз ҳама, мақому манзалати инсонро ҳамаҷониба таҳқиқ карда, нақши ӯро дар ташаккул ва густариши амалҳои солеҳу созанда басо пурарзиш донистааст.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо кӯшиши зиёди падари бузургвораш, ки яке аз шахсони бонуфуз ва соҳибмаърифати замон ба ҳисоб мерафт, аз овони хурдӣ ба омӯхтани Қуръон, илмҳои сарфу наҳв, шариат, калом, ҳикмат, ҳисоб, риёзӣ ва қироат машғул шуда, аз бузургтарин уламо ва донишмандони давр сабақ гирифтааст ва соҳиби донишу фазилат ва ҷаҳонбинии васеъ гардидааст.
Ҳамин дониши васеъ ба ӯ имкон додааст, ки дар давоми умри бобаракати худ аз рӯи баъзе сарчашмаҳо 70 ва тибқи ахбори дигар 146 рисолаи хурду бузурги фалсавию адабӣ таълиф намояд, ки ба масъалаҳои муҳимми фалсафӣ, тасаввуф, ҷараёнҳои он ва дигар масъалаҳои арзишманди ахлоқиву маънавӣ бахшида шудаанд.
Донишу маърифати пурвусъати Амири Ҳамадонӣ номи ӯро дар як давраи кӯтоҳ шуҳратёр намуд ва ақидаҳои вай дар тамоми қаламрави Эрон, як қисми Ҳиндустон, Покистон ва Арабистон паҳн гардида, дар ин кишварҳо мактабҳои бузурги пайравони ӯ таъсис ёфтанд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо фазилатҳои неки инсонӣ ва дониши васеи худ дар сарзамини тоҷикон тарафдорон ва шогирдони зиёде пайдо намуда, дар тарбияи онҳо нақши сазовор гузоштааст ва ба ин васила номи худро дар хотираи таърихии халқи тоҷик ҷовидон гардонидааст».
 
Эмомалӣ Раҳмон