УСТОДИ «ФАЛАК» ТАРКИ ФАЛАК ГУФТ...

Санъати «Фалак» хазинаи нодири миллати тоҷик  аст, ки савту таронаҳои он бо манзалату маърифаташ дар замири инсон фазилатҳои накӯӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносиро бедор намуда, ҷаҳони андеша ва зеҳниятро ҷилои нав мебахшад ва таҳвили бегазанди ин ганҷинаи тиллоии миллат барои наслҳои оянда  вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад ва ин рисолатро дар баробари дигар ҳунармандони маъруф ҳамзамон устод Давлатманд Холов низ содиқона иҷро намудааст.

Бешак, саҳми яке аз саромадони кохи бегазанди мусиқии анъанавӣ ва касбии тоҷик, вассофи ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, устоди жанри Фалак, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон устод Давлатманд Холов ҳамчун ҳунарманди соҳибмактаб,  ки ҷавҳари хоси ин мактабаш пеш аз ҳама шинохти фарҳангу адабиёт, мероси мусиқии миллати тоҷик  ва санъати Фалак буд, дар рушди мусиқии мардумӣ хеле назаррас аст.

Фаъолияти эҷодии Давлатманд Холов   бо марҳилаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон алоқамандии зич дошта, барои ташаккули ӯ ҳамчун ҳунарманд, оҳангсоз, роҳбар ва омӯзгор нақш дорад.

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани мақоми мусиқии суннатии тоҷик дар ҷомеаи муосир, рушди мукаммали тафаккури бадеиву маънавии имрӯзаи тоҷикон 16 ноябри соли 2001 Фармони таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №714 «Дар бораи таъсиси Ансамбли давлатии «Фалак» назди дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расид, ки дурнамо ва масъалаҳои муҳимеро дар кори рушду такомули ин санъати волои миллӣ пешбинӣ намудааст.

Дар ин радиф, заҳмату талошҳои устод Давлатманд Холов бо сабаб гардид, ки бо ворид намудани сабку услубҳои нави санъати миллии иҷрокунандагӣ ва эҳёи беҳтарин анъанаҳои мусиқии анъанавӣ ва касбии тоҷик хусусияти  сабки миллии ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷилои нав зуҳур намуда,  ансамбл мавқеи арзандаро дар ҷомеа касб намояд ва имрӯз ҳам репертуари ансамбл бо эҷодиёти рангомези устод Давлатманд Холов ва дигар ҳунармандони эҷодкори ин ансамбл дар иртибот аст.

Давлатманд Холов ба сифати донанда ва иҷрокунандаи беҳамтои мусиқии анъанавӣ бисёр шохаҳои муҳими ғазалу таронаҳо ва қисматҳои мусиқии Фалакро бо сабки хос суруда, мусаннифи садҳо суруду таронаҳо аз осори шоирони классику муосир ва эҷодиёти халқ аст.

Осори мусиқии устод Давлатманд Холов дар омезиши лаҳнҳои мардумӣ офарида шуда, аз нуктаи назари илми мусиқишиносӣ комил ва айни замон аз ҷиҳатҳои техникаи иҷроиш мушкил ва гуногунпаҳлӯ буда, дар суруду оҳангҳояш мо таносуби се раванд– назмӣ, оҳангӣ ва зарбҳои усулӣ, инчунин қонуниятҳои инкишофи лаҳнии оҳанг, драматургияи мутаносибии қисмҳои асари мусиқӣ ва ғояи бадеиро мушоҳида менамоем.

Ҳамзамон, дар эҷодиёти ин ҳунарманд асил заковати муассири эҷодию иҷроӣ, гуногунрангӣ, нозукӣ ва тобишҳои гуногуни осори мусиқии мардумӣ, ифодаҳои ҷаззоби иҷроӣ, назми оламшумули тоҷикӣ бо мазмун ва рамзу  ифодаҳои хос такмилу идома ёфтаанд, ки  олами созу навои моро ғанӣ гардонида, шахсро ба олами маънавиёт раҳнамун месозад.

Бояд қайд намуд, ки суруду оҳангҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов навоварие дар фарҳанги мусиқӣ миллии суннатии тоҷик Аз ҷумла, сурудҳои эҷоднамудааш ба монанди «Дур машав», «Соқиё», «Дидамат», «Эй дил»,«Бишнав аз най»,«Эй қавми ба ҳаҷ рафта», «Фотиҳаи Фалак» (ғазалҳо аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ), «Бӯи ҷӯи Мӯлиён», «Майи лаъл»  (ғазали Рӯдакӣ), «Наргиси ҷоду» (ғазали Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ), «Ҳалқаи дом аст»  (шеъри Бедил), «Омадаӣ» (ғазали Ҳофиз), «Кӣ мебарад» (шеъри Соиби Табрезӣ), «Шукри ин даврон» (шеъри Хосият Вализода), «Мерақсию мерақсӣ», «Куртаи ту ранг-ранг»,«Гап надорам» (шеърҳо аз Муҳаммад Ғоиб), «Қасидаи модар», «Дилам месӯзад», «Ману дарё», «Танҳо манам», «Шоҳнома», «Маро ёд кунед», «Ситораҳо»   (шеърҳо аз Лоиқ Шералӣ),  «Гул кардаанд» (шеъри Гулрухсор Сафиева), «Бадахшон» (шеъри Ширин Бунёд), «Зиндаам» (шеъри Алимуҳаммад Муродӣ), «Моро ёд кард»  (шеъри Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ),  «Фалакро чи гӯям», «Ваҳдат» (шеъри Давлат Сафар), «Тоҷикистон» (шеъри Меҳриниссо),   «Нашнидӣ ё шунид»,«Чӣ шуд» (ғазалҳо аз Ҳофиз), «Тоҷикистон» «Пешво» (шеърҳо аз Рустам Ваҳҳобзода),   «Дӯстӣ», «Тоҷикистон», «Баҳр» (шеърҳо аз Низом Қосим)  ва садҳо суруду таронаҳои эҷоднамуда ва иҷронамудааш дар санъати овозхонии тоҷик падидаи наве буда, дар дили ҳаводорони санъати ӯ ҷой гирифтаанд.

Устод Давлатманд Холов бисёр кӯшиш мекарданд, ки бо омезиши мусиқии анъанавӣ бо системаи мусиқии аврупоӣ, дар баробари рубоиётҳои халқӣ ба жанри «Фалак» ҳамзамон ғазалу шеърҳои шоирони классикиро низ ворид намояд, то дар оянда ин санъати воло муккамалтар ва касбитар шавад.

Давлатманд Холов аз рӯи таҷрибаи ҳунарии худ бо кашфи ишораҳои рамзии Фалак чандин намудҳои дигари ин санъати волоро иҷро намуда, дар ин зимн иброз менамуд, ки «Усулан фалак яктост ва  тақсимнашаванда буда, рукнҳои фалак дар мусиқии мардуми олам мушоҳида мешавад. Рукнҳои фалак зиёданд ва дар кӯҳистони тоҷик онро Фалаки даштӣ, Фалаки Кӯҳӣ, Фалаки Роғӣ, Фалаки Шод, Фалаки Шикаста, Фалаки Сарбаста, Фалаки Паррон, Фалаки Омехта, Фалаки Яклухт, Фалаки Якпардагӣ мегӯянд. Ҳоло замони он фаро расидааст, ки фалак оҳанги рӯҳафзо ҳам дошта бошад. Имрӯз мо на танҳо аз дарду ғаму фироқ сароем, балки фалаки шодиёнаро низ бояд хонем». Ва таъкид менамуд, ки «Барои адворбандӣ ё нотабандии фалак ишороти маъмулии нотаҳои ғарбӣ тангӣ мекунанд».

Давлатманд Холов дар рафти сафарҳои ҳунариаш  ба  мамолики мухталифи ҷаҳон тавонист, ки тавассути алҳони пурҷозибаи ҳунараш таронаҳои фалакӣ ва дигар жанрҳои мусиқии анъанавии тоҷикро барои дигар миллатҳо аз наздик ошно намояд.

Мусиқии устод Давлатманд Холов имрӯз дар Тоҷикистон ва берун хеле машҳур буда, он дар  саҳнаҳои консертӣ, дар мавҷи телевизион ва радио, дар иҷрои коллективҳои эҷодӣ-касбӣ, толибилмони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат пайваста садо медиҳанд.

Устод Давлатманд Холов пайваста дар ҷустуҷӯи эҷодӣ  буд ва дар тӯли фаъолияти ҳунарии худ дар дилаш меҳри пурҳаяҷонро нисбат ба Ватан ҳифз намуд ва ин меҳрро мо дар осори ӯ метавонем пайдо намуд, ки бо асолат ва маърифати баланди худ дар замири ҳар як фард эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ҳисси миллию ваҳдат ва ягонагиро  бедор  менамояд.

Барои дастовардҳо дар соҳаи санъати мусиқӣ ва фаъолияти пурсамар устод Давлатманд Холов аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо орденҳои «Шараф» дараҷаи I ва «Дӯстӣ», унвонҳои фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардонида шудааст.

Мутаассифона, марги бемаҳал нагузошт то ҳамаи орзуҳову ниятҳои неки ин эҷодкори дорои лаёқати ғайримуқаррарӣ дар амал татбиқ гарданд.

Бешак, даргузашти нобаҳангоми Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ устод Давлатманд Холов барои аҳли фарҳангу ҳунари кишвари азизамон талафоти гарон аст.

Шоири маъруфи тоҷик Давлат Сафар дар сӯгвории устод Давлатманд Холов барҳақ қайд намудааст, ки

Бо савту наво дар ҳама ҷо ҳарфи малак  гуфт,
Таҳ кард лаби хону ба кас поси намак гуфт.

По кӯфта, бардошт ба мо даст ба оҳанг,
Устоди «Фалак», ҷони «Фалак»,  тарки фалак гуфт!

Устод Давлатманд Холов яке аз сутунҳои устувори кохи бегазанди санъати Фалак буд, ки тамоми умри пурбаракати хешро фидокорона барои рушду нумӯи санъати касбӣ сарф намудааст.

Хушбахтона,  устод Давлатманд Холов дар тӯли зиндагии пурбаракати худ мероси зиёдеро ба ёдгор гузоштанд ва имрӯз падидаҳои нави эҷодӣ аз ҳисоби шогирдону пайравонаш дар симои роҳбари ансамбли давлатии «Фалак» Носир Сафарзода, Шӯҳрат Сайнаков, Ибодат Раҷабзода, Шоҳин Абдуллоев, Комрони Ҳошим, Сафовуддин Раҷабов, Фарзона Шодиева, Фотима Машрабова, Матлуба Раҳимова, Худойдод Мадалиев, Ҷумъа Раҷабов, Иззатулло Абдуллоев, Қудрат Муродов, Музаффар Шарифзода, Раҳматулло Боймадов, Сорбон Олимов, дигар ҳунармандону мутрибони ансамблҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса фарзандаш Лоиқшо Холов ва бародаронаш дар фазои фарҳангии кишвар ҷилвагар ҳастанд.

Зикри хайри Устод номи некашонро ҳамеша зиндаву ҷовид нигаҳ медорад.

Хуршед Низомӣ,
мусиқишинос, узви Раёсати
Иттифоқи композиторони
Тоҷикистон