Фестивал-озмуни «Парасту-2015»
Нашр шуд. Сеш, 02/06/2015 - 11:47
Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 100 - солагии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аслӣ Бурҳонов аз 15 то 19 июн дар шаҳри Душанбе Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту - 2015» баргузор мегардад.
Фестивал-озмуни мазкур бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ доир мешавад.
Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии мазкур анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он театрҳои касбии тамоми манотиқи кишвар ширкат менамоянд.
Маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавии фестивал- озмун 15 ва 19 июни соли 2015 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.
Copyright KTR © 2024,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj