Форуми СҲШ “Соли сайёҳӣ 2023” дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии мардумии Чин
Нашр шуд. Ҷум, 24/11/2023 - 08:13
Рӯзҳои 23-26 ноябри соли равон дар яке аз марказҳои асосии сайёҳии Чин, шаҳри таърихии Урумчии ноҳияи Мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони "Соли сайёҳӣ 2023" баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки
Анҷумани СҲШ «Соли сайёҳӣ-2023» нахустин ҳамоиши мавзӯӣ аз ҷониби Котиботи СҲШ ва ҳукумати халқии ноҳияи мухтори Шинҷон Уйғур дар Чин дар чаҳорчӯби Соли сайёҳии СҲШ мебошад, ки аз ҷониби сарони давлатҳо зимни баргузории Ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) бо мақсади дастгирии соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сайёҳии шаҳру ноҳияҳо дар ҳудуди СҲШ эълон шуда буд.
Анҷумани мазкур, ки дар намоишгоҳи марказии Урумчӣ сурат мегирад, раҳбарони маъмуриятҳои сайёҳӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҳукуматӣ ва доираҳои соҳибкорӣ, коршиносони соҳаи сайёҳӣ ва дипломатҳои кишварҳои узви СҲШ-ро барои баррасии ташаббусҳои муштарак баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ гирди ҳам овард. Дар доираи Форум 4 бахши мавзӯӣ дар самтҳои зерин ба нақша гирифта шудааст: «Иқтидори сайёҳии фазои СҲШ», «Иқтидори сайёҳии ноҳияи мухтори Шинҷон Уйғур», «Пешбурди сайёҳии устувор» ва «Рушди сайёҳӣ ҳамчун омили паст кардани сатҳи камбизоатӣ».
Ҳадафи аслии ҳамоиш мусоидат ба рушди бахши сайёҳии кишварҳои узви СҲШ, эҷоди лоиҳаҳо байни гурӯҳҳои кишварҳои аъзо, инчунин ташаккули фазои умумии сайёҳӣ мебошад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ намояндагони сохторҳои марбута, ширкатҳои сайёҳӣ, субъектҳои сайёҳӣ ва ВАО ширкат мекунанд. Намояндагони ҷумҳурии мо бо ҳамтоёни хориҷии хеш масъалаҳои мубрами соҳаи сайёҳӣ, дарёфти роҳҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва дигар мавзуъхои мавриди назарашонро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар доираи форум меҳмонон ҳамчунин аз мавзеҳои табиию таърихӣ ва фарҳангии ноҳияи мухтори Шинҷон Уйғур и Ҷумҳурии мардумии Чин дидан хоҳанд кард.
Имрӯз соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ роҳбарияти Ноҳияи мухтори Шинҷон Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин ва котиботи СҲШ барои рӯзноманигор нишасти матбуотӣ доир намуда, доир ба аҳамияти баргузории форум барои рушди сайёҳӣ дар фазои созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигар масъалаҳои ташкилӣ ва таркибии анҷуман маълумот доданд. Маросими ифтитоҳии анҷумани сайёҳӣ пагоҳ дар қисмати аввали рӯз дар назар аст.
Иброҳим Аҳмад аз шаҳри Урумчии Ҷумҳурии мардумии Чин