Чеҳраи манфури наҳзатиёни ифротӣ
Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки ҳамарўза ҳодисаву воқеаҳо, рухдоду рўйдодҳое ба вуқуъ меоянд, ки тасаввурнашаванда ва пешгўинашавандаанд. Ҳодисаҳо фаротар ва сареътар аз тасаввури инсон ба вуҷуд меоянд. Силсилаи воқеаҳои ба ҳам алоқаманд дар зеҳни инсонҳо имкони дарку натиҷагириро надода, ҳодисаҳои тоза дар пасманзари онҳо падид меоянд. Ин хусусияти глобалии ҷаҳони муосир аст. Ҳатто воқеаҳои дохили як мамлакат характери глобалӣ касб мекунанд. Зеро дар роҳандозии онҳо маҷмўи фикрҳо ширкат менамоянд. Барои мисол, ҳодисаҳои охири Тоҷикистон, яъне низои марзӣ бо Қирғизистон, барангехтани эҳсоси сокинони ду кишвари ҳамҷавору дўст, таҳрики онҳо ба муқобили ҳамдигар, дар пасманзари ин ҳодисот фаъол гардидани неруҳои фитнаангез, иғвогар, тафриқаандоз ва мухолифи давлат, ба вуқуъ пайвастани силсилаи таркишҳо дар Афғонистон, изҳороти наҳзатиён бо сарварии Кабирӣ дар мавриди камтаъсир будани нақши ВАО- и давлати Тоҷикистон ҳалқаҳои як занҷиранд. Ин амалҳо хоси ифротгароии фаромиллӣ мебошанд, ки тавассути тарс ва даҳшатафканӣ ба ҳадаф расидан мехоҳанд. Бадбахтӣ дар он аст, ки ҳамаи созмонҳои ифротӣ аз номи ислом сухан мекунанд, бо ин ном кирдорҳои зишту амалҳои нангину ғайриинсониро роҳандозӣ мекунанд ва бо ин роҳ мехоҳанд, ки ҷомеаи исломӣ ва ё аморати исломӣ бунёд созанд. Ба назари мо, сабаб дар он нуҳуфтааст, ки созмонҳои ифротӣ амалҳои худро бо ғояи исломи сиёсӣ асоснок менамоянд, яъне ба ибораи дигар, дар заминаи он ғоя ё мафкураи бегона вуҷуд дорад. Силсилаи ҳодисаҳои охири марзӣ, таркишҳои кишвари ҳамҷавори Афғонистон ва ҳатто давлати абарқудрати Федератсияи Россия гувоҳи онанд, ки онҳо аз як марказ идора мешаванд ва ҳадаф нишон додани қудрати зури гурўҳҳои ифротгаро аст. Ин гурўҳҳо аз ҷониби зархаридони хориҷӣ маблағгузорӣ ва идора мегарданд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ дастбакор мешаванд.
Агар ҳодисаҳои Афғонистон, Ироқ, Сурия ва Лубнонро таҳлил намоем, ба натиҷа мерасем, ки ҳадафи ниҳоӣ ба қудрат расидан аст. Барои сари қудрат омадан созмонҳои террористӣ ва ифротӣ аз тамоми воситаҳо, аз ҷумла ВАО, ҷомеаи осебпазир, бахусус ҷавонон истифода мебаранд, ақидаҳои худро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб ва қишри ҷомеаи осебпазирро таҳти таъсир қарор медиҳанд. Роҳбари ташкилоти террористии Ҳизби Наҳзати Ислом Муҳиддин Кабирӣ ва думравони ў борҳо сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоиро «охўрча» карда, дар мавзўъҳои гуногун суҳбат намуда, борони нафрату адовати ниҳоди ифлоси худро бар сари давлати Тоҷикистон ва роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ мерезанд. Агар муҳтавои мусоҳибаҳои ин нафарони гирифтор ба нафрати мардумро таҳлил намоем, дар ҳар суханронӣ, мусоҳиба ва ё суҳбат ҳатман ба сиёсат дахл мешавад. Онҳо исломро бо ҳадафҳои нопок, яъне барои ворид шудан ба сиёсат истифода мебаранд, аз номи ислом сухан мегўянд, суд меҷўянд ва аз адолати исломӣ, поймол шудани ҳуқуқи инсон, вайрон гардидани рукнҳои ҷомеаи демократӣ ва бартарии сохтори давлатҳои исломӣ пайваста ҳарф мезананд. Магар «ҷаноби» Кабирӣ ва аъзои ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби Наҳзати Ислом дарк намекунад, ки дар кадоме аз давлатҳои исломӣ адолат, ҳақиқат, озодии баён, матбуот, сухан виҷдон ва дин мавҷуд аст?. Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки пушту паноҳи Кабирӣ буда, ташкилоти террористии Ҳизби Наҳзати Исломро пардапўшона ҳимояти молӣ мекунад, ҷонибдорони мазҳаби суннат аслан ҷойгоҳ надоранд, ҳар моҳ даҳҳо нафар рўзноманигорони озодандеш ба дор кашида мешаванд, ҳазорҳо нафар дигарандешон ва рўшанфикрон равонаи зиндон мегарданд, аҳли илму алаб ва олимон дар фишору ваҳшат қарор доранд. Дар Давлати исломии Покистон моҳе нест, ки аз ҷониби гурўҳҳои мазҳабӣ инфиҷоре рўй надиҳад, ифротиёни исломӣ наздики 50 сол боз дар Афғонистон хуни мардуми бегуноҳро мерезанд, мардуми Ироқ аз муборизаҳои мазҳабӣ то ҳол ба худ наомадаанд, мо шоҳиди он шудем, ки чи тавр «Ихвонулмуслимин» Мисрро ба хоку хун кашонид. Оё давлати исломиеро метавон ном бурд, ки дар он мардум осуда ва бо рифоҳ зинагонӣ намоянд ва дар он демократия вуҷуд дошта бошад? Агар бошад кадом аст? Магар ҳамаи ин ба «ҷаноби» Кабирӣ ва аъзои ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби Наҳзати Ислом дарси ибрат намегардад?!
Суоле ба миён меояд, ки оё бо баҳои хуни ҳазорҳо бегуноҳон метавон давлати исломӣ сохт?. Албатта не, зеро зербинои давлат бояд аз муқаддастарин рукнҳо шакл гирад, на аз хуну ҷони инсонҳо. Онҳое, ки бо баҳои сангини хуни мардум мехоҳанд давлати исломӣ барпо созанд бояд як нуктаро дар хотир дошта бошанд, ки чунин давлат ҳаргиз бақо надорад, пойдор буда наметавонад. Чунин давлат танҳо дар тасаввури инсонҳои бадкор, бадандеш, бемоя ва зархарид арзи вуҷуд карда метавонад. Чунин инсонҳо ҳамеша фикри бад, афкори носолим ва андешаи зиддимиллӣ доранд ва табиист, ки аз афкори бад натиҷаи нек барнамеояд. Дар моҳи шарифи рамазон анҷом додани амали террористӣ дар мактаби духтаронаи шаҳри Кобул, ба мотам шинонидани падару модар ва хоҳару бародарон ва пайвандони зиёда аз 85 навраси ташнаи дониш магар ба кирдори ҷавонмард ва ё мусулмон зебанда аст? Ҳаргиз не. Ин воқеа ҷаҳонро такон дод, тамоми инсонҳои дорои ақли солим онро маҳкум намуданд, зеро ифротиён симои аслии худро нишон доданд. Барои онҳо на моҳи шарифи рамазон ва на наврасони маъсум ва на миллату нажоди ҳалокшудагон ба қадри мў ҳам арзиш надошт. Зеро муборизаи онҳо бар зидди тамаддуни башарӣ, алайҳи ҷомеаи дунявӣ, бар муқобили нуру зиё роҳандозӣ шуда аст. Мактаб макони муқаддас ва хонандагон паёмоварони нуру зиё мебошанд. Террористон, ифротгароён ва сиёҳдилон бо ин кор мехоҳанд партави нуру зиёро аз сар то сари олам барчинанд, одамонро ба сўйи зулмот ва ҷомеаи асримиёнагӣ баранд. Онҳо собит намуданд, ки барои амалӣ намудани фармони «хоҷагони худ» ба ҳама чиз қодиранд. Агар аъзои ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби Наҳзати Ислом афкори солими башарӣ медоштанд, чунин ҳодисаҳои мудҳишро маҳкум менамуданд. Дар ин маврид наҳзатиён ҳатто садо ҳам баланд накарданд, валвалаю шўру шари худро дар синаҳо пинҳон доштанд, ки ин нишони ҳамрайъӣ бо терроризм ва ифротгароист.
Барои террорист, афроди ифротгаро, думравони онҳо ва созмонҳои ифротгаро ба монанди Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби Наҳзати Ислом ягон муқаддасот: ватан, миллат, дин, мазҳаб, шаъну шарафи ватандорӣ арзише надоранд. Ҳадафи онҳо тағйири сохти конститутсионӣ, яъне аз байн бурдани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ аст. Ин афрод таҳти таъсири ақидаҳои тунду ғаразнок ҷавононро ба гурўҳҳои экстримистӣ шомил гардонида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ қодиранд. Ҳоло ҳам баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон ба доми фиреби гурўҳҳои ҷиноятпеша ва ташкилоти ифротии амсоли Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби Наҳзати Ислом гирифтор шуда, бо баҳонаи соҳиби сарвату мол гардидан, рўзгори осудаву ватани ободу зеборо беҳтар аз осоиш дониста, волидайн ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, дар кишварҳои хориҷ бо маблағгузории хоҷагони хориҷӣ дар шароити вазнину тоқатфарсо алайҳи дигарон меҷанганд. Мо бояд мутмаин бошем, ки дахолат ва таҳоҷуми мафкура ва ҷаҳонбинии беруна, кўркўрона ва булҳавасона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ба ҷуз пушаймонию саргардонӣ манфиати дигаре намеоварад. Бояд ҳар тоҷики ватандўсту меҳанпарвар, тоҷикистонии соҳибватан ва сокинони маскуни кишвар фаҳмида бошанд, ки таасуби диниву мазҳабӣ, бегонапарастӣ ва кур-курона, гаравидан ба равияҳои номатлуб, бовар кардан ба хабарҳои муғризонаи расонаҳо боиси хатар дар ҷомеа хоҳад шуд. Аз ин рў, ба ҳамватанон, махсусан ҷавонони шуҷои кишвар мерасонем, ки ҳеҷ гоҳ ба равияҳои номатлуб шомил нашаванд. Ба фикри мо, решакан намудани ақидаҳои ифротӣ на танҳо барои сокинони Тоҷикистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ вазифаи муҳимтарин аст, ки аз ҳамагон ҷаҳди ҷиддиро тақозо дорад. Зеро бегумон ҳар раванду ҷараёни дурўғин, риёкорӣ ва чоплусӣ оқибат ошкор хоҳад шуд ва дастандаркоронашон шармандаи дунё ва дармондаи охират хоҳанд буд. Он рўз дур нест, ки чеҳраи воқеии созмону ҳаракатҳои зархариди исломӣ, махсусан Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби Наҳзати Ислом, моҳият ва нияту нақшаҳои роҳбарон ва маблағгузорону ҳомиёни хориҷии онҳо ошкор хоҳад шуд. Бинобар ин, ҳушёр будану аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва маҳкум намудану мубориза бурдан бар зидди фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва мазҳабҳои бегона қарзи шаҳрвандии ҳамаи мост!!!
Ҳамватанони азиз, ҷавонони мамлакат! Ба ҷозибаи «суханони нарм» ва «чеҳраи гарм»- и Кабирӣ барин афроди дурўя, рўйсияҳ, чоплус, муртад ва манфур бовар накунед! Ба доми онҳо наафтед, ба ақидаҳои бебунёди Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ва думравони онҳо нагаравед. Симои воқеии онҳо ҳанўз зери парда ниҳон аст. Ҳеҷ гоҳ Кабирӣ ва думравонаш дар фикри ободии Ватан, осоиши мардум ва ҳатто дастгирии аъзо ва ҳамфикрони худ нестанд. Онҳо ба роҳе равонаанд, ки оянда надорад, торик аст, шуморо низ ба бунбаст мебаранд, беобрўй менамоянд, дар назди ҷомеа шармсор мегардонанд. Фикри худ, аҳли оила, хешу пайвандон, ёру дўстон ва ободии ватани азизамон- Тоҷикистонро намоед. То метавонед аз ин девони одамсурати ваҳшии курдили наҳзатӣ дурӣ гузинед, худ ва дўстони худро аз доираи онҳо ҷудо намоед, фирефтаи суҳбат ва мусоҳибаҳои маҷозии онҳо нашавед.
Тоҷикистон ватани ҳамаи мост ва танҳо мо ин меҳанро обод менамоем. Маҳз ҳамдигарфаҳмии созанда, таҳаммулгароӣ, муносибатҳои дўстонаву ҳамзистиву ҳамкорӣ бо фарҳангҳои дигар дини исломро ҳамчун фарҳанги созанда муддатҳо ба тамаддуни пешрафтаи ҷаҳонӣ табдил дода буд ва идомаи ин иқдоми наҷиб боиси поку беолоиш гардидани фазои сиёсиву динии Тоҷикистон ва минтақа хоҳад шуд. Барои пешгирии ақидаҳои носолим ва тахрибкор бояд ҳамаи мо, бахусус ҷавонон атрофи сиёсати созанда ва раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем ва нагузорем, ки ақидаҳои тахрибкор ба афкори ҷавонони мо зарар расонида боиси нооромии ҷомеа гарданд. Ҳифзи музаффариятҳои истиқлол, фарҳанги асили миллӣ, забон ва сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони азиз бояд барои ҳамаи мо муқаддас ва азиз бошад!!!
Хусрави Парвиз
акс аз интернет