Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2023
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.
Соли 2023 бори аввал озмун миёни хонандагони муассисаҳои типи нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад зиёд гардида, миқдори умумии онҳо 132 ададро ташкил медиҳад
Ҳамчунин ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмун соли ҷорӣ дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду нафар ба се нафар зиёд карда шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд.
Дар ин замина, шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, 49 адад зиёд карда шуда, 84 ададро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, маблағи умумӣ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории даври чоруми озмун 4 085 000 (чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор) сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 1 740 000 (як миллиону ҳафтсаду чил ҳазор) сомонӣ зиёд мебошад.
Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат соли ҷорӣ барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.