Шарҳи тағйири номҳои баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии мамлакат
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳаҳо иваз шуд, ки талаботи замон мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ташаккули забони давлатӣ, инчунин ба хотири баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи халқ, эҳёи баъзе номҳои ҷуғрофию таърихие, ки ба мамлакати мо бевосита тааллуқ доранд, амри воқеӣ ба ҳисоб меравад.
Халқе, ки гузаштаи худро эътироф намекунад ва аз гузашта сабақ намеомӯзад, имрӯзу ояндаи худро ташаккул дода наметавонад. Аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба гузаштаи халқ нақши калидӣ дошта, аз нав зинда гардонидани суннату анъанаҳои миллӣ, маросиму ҷашнҳои қадимӣ ва эҳё кардани номҳои ҷуғрофию таърихии халқ ба манфиати ҷомеа ва мамлакат мебошад. Махсусан, зинда гардонидани номҳои таърихӣ ва ба чаҳорчӯбаи меъёрҳои забони тоҷикӣ мутобиқ намудани онҳо боиси шинохти дирӯз ва таҳкими ҳофизаи таърихӣ мегардад. Ба ин хотир солҳои охир дар ҷумҳурии мо як қатор номҳои таърихию ҷуғрофӣ аз нав эҳё шуда, аз ҷониби мардум дастгирӣ ёфтанд ва макони воқеии худро аз нав соҳиб шуданд.
Номҳои Суғду Хатлон, Рашту Лахш, Ҷайҳуну Сайҳун ва даҳҳо дигар макони ҷуғрофии мамлакат моро бо гузаштаи дури халқи тоҷик пайванд менамоянд ва ин номҳои ҷуғрофӣ низ воситаи муҳими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошанд. Дар ҳақиқат зинда гардонидани номҳои ҷуғрофӣ барои насли наврас ва ояндаи мамлакат аҳамияти бузург дошта, рукни давлатсозии миллӣ низ ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки дар тӯли қарнҳо бо омадани қавму қабилаҳои мухталиф дар мавзеъҳое, ки таърихан тоҷикон маскун буданд, бархе аз номҳои аслии шаҳру ноҳияҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо, кӯҳҳо, дарёҳо ва ғайра тағйири ном кардаанд, ки ба асолати забони тоҷикӣ созгор нестанд. Ин аст, ки яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иваз намудани номҳои ғайримеъёрии ҷуғрофӣ ва ба суннати номгузории миллӣ мутобиқ сохтани онҳо мебошад.
Бо назардошти ин, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 январи соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номҳои як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба имзо расониданд. Аз ҷумла, номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кушониён, шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук иваз карда шуд. Ин номҳои таърихию ҷуғрофӣ барои халқи тоҷик саҳифаҳои дурахшони гузаштаи миллатамонро ба ёд оварда, дар мазмуни онҳо хотираи мардум ҷой гирифта, давраҳои ниҳоят дурахшони халқ дар гузашта бо ин номҳо алоқаманд мебошанд.
Бояд қайд кард, ки иваз намудани номҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур бо назардошти ду ҷанба сурат гирифтааст. Аввалан, ба суннати номгузории миллӣ мутобиқ сохтани онҳо ва сониян, эҳёи топонимияи миллие, ки таърихан дар ин мавзеъҳо вуҷуд доштанд.
Барои шиносоии бештар пайдо намудани шаҳрвандони мамлакат таваҷҷуҳи онҳоро ба шарҳи ин номҳо ҷалб намуда, дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти кӯтоҳеро роҷеъ ба ин топонимҳо манзур менамоем.
Дар бораи Бохтар
Бохтар — дар баробари номи яке аз се вилояти таърихии Мовароуннаҳр (Суғд ва Хоразм) будан, инчунин номи калонтарин шаҳр ва пойтахти давлати Кушониён ба ҳисоб мерафт. Шаҳр қабл аз давраи Кушониён бунёд ёфта, баъдан дар ин давра хеле обод шуда, гузару маҳаллаҳои нав пайдо мешаванд ва атрофи он бо девори нави мудофиавӣ иҳота мегарданд (Массон В.М., Ромодин В.А. История Афганистана). Берун аз девори шаҳр гузару маҳаллаҳо мавҷуд буданд, ки аз васеъ шудани масоҳати шаҳр гувоҳӣ медиҳанд. Ҳарчанд дар давраи ҳукмронии Канишка (103-126 м.) пойтахт ба шаҳри Пешовар кӯчонида шуда бошад ҳам, Бохтар ба ҳайси пойтахти дуюм мавқеи худро нигоҳ медоштааст. Қисмати калони давлати Кушониён – Вароруд аз ҳамин марказ идора карда мешуд.
Дар забони кушонию бохтарӣ калимаи «Бохтар» хеле маълум буда, дар луғатҳо ба маънии «ғарб, мағриб» ва ҳам «шарқ, ховар» омадааст. Аммо баъзе донишмандон онро ба маънии «ғарб» афзалият дода, ба маънии «шарқ» калимаи «ховар» — ро тавзеҳ додаанд. Он дар забони авестоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ дар ҷараёни гузашти солҳо бо баъзе тағйироти овоӣ дучор шуда, аслан маънои “ғарб”-ро ифода менамояд. Топоними ҷуғрофии «Бохтарзамин» низ аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, ба маънои «кишварҳои ғарбӣ, мағрибзамин» фаҳмида мешавад. Ҳамчунон мардумоне, ки дар шимолу ғарбии Ҳинд зиндагӣ мекунанд, онҳоро бохтарӣ ва ё балхӣ меномиданд. Баъдҳо маънои “Бохтар” дар забони суғдӣ роҳ ёфта, ба сифати макони ҷуғрофӣ муаррифӣ шудааст.
Аз нигоҳи таърихӣ Бохтар номи қадимии Балх низ ба ҳисоб рафта, қаламрави он ҳамчун вилояти таърихӣ қисмҳои марказӣ, ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони ҳозираро фаро гирифта, тайи асрҳои миёна ва минбаъд тобеи Хатлон ва ҳокимони Қубодиён буда, таърихан дар ҳудуди шаҳрҳои қадимии Вахш, Леваканд ва Ҳаловард қарор доштааст.
Мувофиқи ахбори Птолемей, ки ба асри II м. тааллуқ дорад, дар кишвар ё вилояти Бохтар 18 шаҳр мавҷуд буда, шаҳри Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кушониён ба ҳисоб мерафтааст ва унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштааст (Массон В.М., Ромодин В.А. История Афганистана. Т.1., М., 1964. – С. 169).
Ҳамин шуҳрат ва қадимияти Бохтарро ба инобат гирифта, вакилони шаҳри Қӯрғонтеппа ва вилояти Хатлон чунин иқдом карданд, ки маркази вилоят Бохтар номида шавад. Мо итминони комил дорем, ки номи Бохтар дар оянда ҷой ва мақоми худро пайдо мекунад ва маълумоти бештаре доир ба Бохтар ҷамъоварӣ шуда, миёни мардум боз ҳам машҳуртар мегардад.
Дар бораи Леваканд
Леваканд номи қадимаи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд ва атрофи онҳо буда, маънияш “Ободшаҳр”, “Шаҳри болобаланд” мебошад. Бино бар бозёфтҳои бостоншиносон, шаҳр дар миёни Сарбанд ва Қӯрғонтеппа ҳанӯз дар садаҳои I-IV м. вуҷуд дошта, то замони густариши ислом яке аз ободтарин шаҳрҳои Вахш ба шумор мерафтааст. Мувофиқи сарчашмаҳо, Леваканд дар садаҳои X-XIII яке аз ду шаҳри калони Вахш буда, ҳангоми ҳамлаи муғул дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст.
Дар асри ХХ вайронаҳои Левакандро бостоншинос Т.И. Зеймал пайдо карда, дар асоси кофтуковҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофӣ исбот намудааст, ки дар ин мавзеъ шаҳр вуҷуд доштааст. Леваканд калонтарин харобаест, ки аз садаҳои миёна дар қисмати шимолии водии Вахш боқӣ мондааст.
В.В. Бартолд ҷойгиршавии Левакандро – деҳаи Сангтӯда медонад. А.М. Беленитский ҷойгиршавии онро мавзеи Қавунтеппа, 10 километрии ғарби Қӯрғонтеппа ҳисоб кардааст. Ба андешаи А.М. Беленитский, зери мафҳуми «шаҳри Вахш»-и сарчашмаҳои асримиёнагӣ бояд шаҳри Левакандро фаҳмид. Аммо донишмндони дигар, аз ҷумла, худи Белетинский, Ю. Ёқубов бар ин асосанд, ки Левокант дар атрофи Сарбанд ва Қӯрғонтеппа ҷойгир буда, ҳамин мавзеъҳо ба шаҳри қадима тааллуқ доранд.
Вожаи «Леваканд» ё «Левокант» аз ҷиҳати сохти калимасозӣ бохтарӣ-суғдӣ буда, асли ҳиндуаврупоӣ низ дорад. Оид ба маънии этимологии калимаи Левакант, дақиқтараш дар мавриди қисмати якуми он, яъне вожаи «лев ё лав» андешаҳои гуногун мавҷуданд. Дар баъзе сарчашмаҳо қисмати аввали калимаро «лева» ё «лев» маънидод карда, маънояшро «Худо», «Эзад» ва «дорою шукӯҳманд» шарҳ медиҳанд. Қисми дуюми калима «кант», «кент» буда, маънояш «шаҳр», «макони обод» мебошад. Маънои аввал бо эзад ва Хур – Эзади Хуршед низ алоқамандӣ дошта, дар ҳамин заминаи маъноӣ номи шаҳр ба «Эзадшаҳр» ва ё «Хуршедшаҳр» наздикӣ пайдо менамояд. Мувофиқи сарчашмаҳо дар ин мавзеъ парастишгоҳе будааст, ки дар он эзади Хур ситоиш меёфтааст. Ин парастишгоҳро бостоншиносон низ кашф кардаанд. Дар қадим ба номи эзадон номгузорӣ шудани моҳҳо маъмул буда, доир ба ин масъала Абӯрайҳони Берунӣ маълумоти бештар пешниҳод намудааст. Метавон онро аз рӯи маънои дуюмаш «Шаҳри шукӯҳманд» номид. Ин ҷиҳати масъала омӯзиш мехоҳад.
Мувофиқи маълумоти «Фарҳанги Шоҳнома» — и Фритс Волф ва «Бурҳони қотеъ» «лав» ба маънии «теппа, баландӣ, адир, пушта» омадааст. Барои тасдиқи фикр байти зерин оварда шудааст:
Бад-ӯ бар шубон гуфт: эдар бидав.
Раҳи тоза пеш оядат пур зи лав.
Агар ин маънӣ ба назар гирифта шавад, «шаҳр дар баландӣ, шаҳр дар теппаву адир» маънидод мегардад, яъне «Баландшаҳр», ки ба номи кунунии мавзеъ — Сарбанд наздикиву қаробат пайдо менамояд.
Вожаи «Лав» инчунин ба маънии буттаи гурӯҳе аз сабзавот, ба монанди ҳандалак, харбуза ва амсоли онҳо низ омадааст, ки дар лаҳҷаи гелакии забони форсӣ то ҳол ин маънӣ маҳфуз мондааст. Агар ин шарҳро ба назар гирем, Леваканд – «Шаҳри сабзавот» мебошад.
Дар баробари ин вожаи «лев» бо вожаи «ливо», яъне «парчам, дирафш» низ қаробат дошта, ба ин маънӣ тибқи маълумоти «Фарҳанги Шоҳнома» — и Фритс Волф дар «Шоҳнома» як маротиба омадааст:
Ҳамоно, ки бошад маро дастгир,
Худованди тоҷу ливову сарир.
Агар ин маъниро ба инобат гирем, пас Левакант шакли ба тағйироти овоӣ (фонетикӣ) мубаддал шудаи Ливоканд буда, маънояш «Шаҳри дирафшбардорон» мебошад. Дар ҷумҳуриамон наздик ба ин мафҳуми «Кантгурд» аст, ки «Шаҳри паҳлавонон» маъно медиҳад. Аммо бояд дар назар дошт, ки ҳарчанд вожаи «ливо» дар «Шоҳнома» омада бошад ҳам, он асли арабӣ дорад.
Баъзе ин шарҳҳо эҳтимолӣ буда, олимони забоншинос ва таърихдонҳоро зарур аст, ки ба тафсири ин мафҳумҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Новобаста аз ин дар аксари сарчашмаҳо ва асарҳои таърихиву ҷуғрофии Истахрӣ, Муқаддасӣ, Яъқубӣ, Хурдодбеҳ номи Левокант зикр шуда, ёдгории беназири ҷуғрофии халқи тоҷик аз замони гузашта дар вилояти Хатлон мебошад. Аз нав зинда гардонидани ин ном низ барои насли наврас мояи ифтихор буда, хотира аз таърихи халқ мебошад.
Дар бораи Кушониён
Кушониён яке аз ниёгони тоҷикон мебошанд, ки шоҳигарии онҳо аз асри 2 то мелод ва 4 мелодӣ идома ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи ҳукмронии Кушониёнро «ҳалқаи заррини таърихи халқи тоҷик» номидаанд. Дар забони портӣ (парфиёнӣ) – Кушоншаҳр номида мешудааст.
Дар замони Кушониён забонҳои кушонию бохтарӣ ва лаҳҷаҳои он, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ мансуб мебошанд, роиҷ будааст. Ҳамчунин забоншиносон аз рӯи боқимондаҳои навиштаҷоти гуногун аслияти худи забони кушониро низ муайян намуда, онро ба зергурӯҳи шимолии забонҳои шарқии эронӣ мансуб донистаанд.
Муттаҳидшавии панҷ қабилаи кушонӣ дар водии Вахш сурат гирифтааст. Тибқи баъзе маълумоти таърихӣ, шоҳигарии Кушониён аз ҷониби қабилаҳои ҳиндуаврупоии «тохарҳо» асос гузошта шудааст. Сиккаҳои аввалин шоҳаншоҳи кушонӣ, ки Ҳерай-Санаб ном дошт, маҳз аз водии Вахш пайдо шудаанд.
Шаҳрҳо аз ҳудуди Бохтар ё баъдан Тахористон маҳз дар давраи Кушониён ривоҷу равнақ ёфтаанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди мамлакати мо ба замони Кушониён димнаҳои Кайқубодшоҳ дар ноҳияи Қубодиён, Теппаи Шоҳ дар ноҳияи Шаҳритуз, Куҳан-Қалъа дар ноҳияи Ҷайҳун, Ҳалқаҷар дар ноҳияи Хуросон (собиқ Ғозималик), Ғаравқалъа ва Тамошотеппа дар ноҳияи Ёвон, Саксанохур дар ноҳияи Фархор, Қалъаи Чармгарони Поён (Қалъаи Мир) дар шаҳрҳои Кӯлоб, Шаҳринав, Душанбеи қадим дохил мешаванд.
Доир ба давлати Кушониён сарчашмаҳои зиёди таърихӣ ва ҷуғрофӣ маълумот дода, бори аввал бо ташаббуси аллома Б. Ғафуров дар Душанбе ва Кобул симпозиуми байналмилалӣ доир шуда, олимони бостоншинос ва таърихнигорон дар бораи ин макони ҷуғрофӣ маълумоти зиёдеро дар шакли рисола ва мақолаҳои илмӣ интишор дода, баъдҳо дар ин мавзӯъ китобҳои алоҳида низ ба чоп расониданд. Дар ин асарҳо таърихи пайдоиш ва ташаккули давлати Кушониён васеъ тасвир гардидааст.
Аз нав зинда намудани номи Кушониён ва ба ноҳияи Бохтар номгузорӣ шудани он далели арҷгузорӣ ба таърихи миллат буда, имкон медиҳад, ки минбаъд сарчашмаҳои дигари таърихӣ доир ба ин макони ҷуғрофӣ интишор шаванд ва доираи маълумот оид ба ин ном бештару зиёдтар гардад. Дарвоқеъ, бо номи давлат ва сулолаи Кушониён номгузорӣ шудани ноҳияи Бохтар ба ҳақиқати таърихӣ мувофиқ мебошад.
Дар бораи Ҳулбук
Муаллифони асарҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ, аз ҷумла, Истахрӣ, Муқаддасӣ, Яъқубӣ, Хурдодбеҳ, Берунӣ ва асари «Ҳудуд-ул-олам» дар қатори шаҳрҳои калонтарини мулки Хутталон, ба монанди Мунк (Ховалинг), Тамлиёт (Тутқавули куҳна), Паргар (Фархор), Корбанҷ, Андиҷарак, Рустоқбек ва Сикандара, пеш аз ҳама, аз Ҳулбук ёд карда, шаҳри бузургу обод будани онро зикр намудаанд. Гузашта аз ин, сарчашмаҳои мазкур «ҷойи муқимӣ» — и шоҳони ин мулкро Ҳулбук донистаанд.
Маълумоти қадимтарин дар бораи Ҳулбук ҳамчунин дар адабиёти атиқа дучор меояд. Дар байни номҳои ҷуғрофӣ, ки таърихнигори юнонӣ Птолемей овардааст, номи шаҳри Хулбисса мавҷуд мебошад. А.М. Беленитский ва олимони дигар бо асоси комил онро пойтахти Хуттал – шаҳри Ҳулбук мешуморанд, зеро дар сарчашмаҳои мусулмонии асримиёнагӣ дар баробари мафҳуми Ҳулбук номи Хулбик низ дучор меояд, ки ба ҳамон Хулбиссаи юнонӣ наздик аст.
Дар бораи мавқеи ҷойгиршавии шаҳрҳои зикршуда таълифоти мазкур чунин зикр кардаанд: «Тамоми Хуттал бо кӯҳҳо иҳота гардидааст, ҳамаи шаҳрҳо, ба ҷуз аз Ҳулбук ва Сикандара дар водиҳо ҷойгиранд».
Ҳарчанд мавқеи ҷойгиршавии Ҳулбук ва шаҳрҳои азбайнрафтаи Хуттал мавзӯи баҳсу мунозираҳои илмӣ аст, аммо бештари муҳаққиқон, аз ҷумла, М. А. Варигин, А.П. Колпаков ва А.Е. Маҷӣ – онро дар ҳудуди деҳаи Қурбоншаҳид ва деҳоти атрофи он то маркази ноҳияи Восеъ муайян кардаанд. Аз ин лиҳоз иваз намудани номи шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук ба ҳақиқати таърихӣ ва ҷуғрофӣ мувофиқ буда, омили арҷгузорӣ ба ин макони таърихӣ мебошад.
Аз дидгоҳи этимологӣ, Ҳулбук шояд аз пораҳои эронии куҳани *hwar-+baga- ба маънии «Худо-Офтоб, Хур» ё Хур/Офтоби худо (яъне Худованди Офтоб бошад), ки ҳосилаи решаи ҳиндуаврупоии *sͦer-ва иронии куҳани baga-мебошад.
Ҳулбук шояд аз вожаи юнонии ὓλη / ὓλα (овонавишт-шон ҳула-/ҳула) бошад ва ҷузъи номаълумаш бака/-бука. Дар самти ҷанубӣ-ғарбии Сарматияи аврупоӣ (булукоти хеле маъмулу машҳури скифӣ/сакӣ дар замони бостон) шаҳраке ба номи Ὑλάιη (Ҳулаио) (дар русӣ Гилея) мавҷуд аст, ки миёни Борисфен (дар талаффузи русӣ) / Бористҳону Ҳипакар воқеъ мебошад. Борисфен сарзамини сирф скифӣ/сакӣ/сарматӣ буд.
Ҳула — ὓλη / ὓλα — маънии «беша, дарахтони фаровони беша, бешаи дарахтони буттагӣ (дарахтҳо)»-ро дорад. Ҳулбук дар чунин мавзеъ қарор дорад. Ҳарчанд «бука» ҷузъи номаълум буда, ба таҳқиқи бештаре ниёз дорад, аммо бояд дар назар дошт, ки бо ҷузъи «бук» топонимҳои дигар дар атрофи Ҳулбук мавҷуд аст: Шобика, Осмонбика ва ғайра.
Дар бораи Ҳулбук донишманди шинохта Эркиной Ғуломова низ корҳои зиёди бостоншиносӣ ба анҷом расонида, якчанд мақолаҳои пурарзишро доир ба таърихи ин макони ҷуғрофӣ интишор намуда буд, ки онҳо барои муаррифии Ҳулбук аҳамияти беандоза доранд. Дигар донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ низ доир ба Ҳулбук таҳқиқот ба анҷом расонида, аз сарчашмаҳои таърихии зиёд ёдоварӣ кардаанд, ки оид ба ташаккул ва инкишофи ин макони ҷуғрофӣ маълумоти муфид медиҳанд.
Дар баробари ин деҳаи Қурбоншаҳид ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставели ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохур ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинобод ба деҳаи Зарриндашт иваз шуданд, ки сабаби асосиашон номувофиқатӣ ба талаботи забони тоҷикӣ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи ин номҳои таърихие, ки аз нав зинда гардиданд ва дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат номгузорӣ шудаанд, ба забони тоҷикӣ ва таърихи халқи тоҷик сахт алоқамандӣ дошта, дар миёни аҷдодони гузаштаи мо падид омадаанд ва дорои асолати милливу таърихӣ мебошанд. Аз ин дидгоҳ эҳёи номҳои таърихӣ на танҳо ба хотири ивази топонимҳои роиҷи имрӯза мебошад, балки пеш аз ҳама, ҳадафи асосии он татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» буда, омили боло бурдани ҳувияти миллӣ ва худшиносии таърихӣ дар миёни шаҳрвандони мамлакат, бахусус наврасон ва ҷавонон маҳсуб меёбад.
Бовар дорем, ки дар асоси ин маълумоти кӯтоҳ хонандагони тоҷик ба топоними мавзеъҳои ҷуғрофии ҷумҳурӣ шинос шуда, олимон ва донишмандони мамлакат дар бораи шарҳи бештари онҳо мақолаҳои алоҳида ба нашр мерасонанд.
АМИТ “Ховар”