Шашмақом» −хазинаи нодири миллати тоҷик
Фарҳангу ҳунар як рукни тамаддуни башарӣ буда, дар заминаи меросу суннатҳои миллӣ ва дастовардҳои ҳалқу миллатҳо рушд меёбад.
Миллати тоҷик бо фарҳангу тамаддун ва санъати олии аз ниёгон меросгирифтаи худ тавониста, ки миёни оламиён шуҳратманд гардад ва бо дастовардҳои фарҳангии хеш дар рушду такомули тамаддуни умумибашарӣ саҳмгузор бошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар гузашта ниёгони мо таваҷҷуҳи худро дар баробари дигар пажўҳишҳо, ҳамзамон ба санъати мусиқӣ, назарияи илми мусиқӣ ва созҳои мусиқӣ равона намудаанд. Осори илмию назариявии ниёгони мо то имрўз мақоми хосса доранд.
Борбади Марвазӣ - бузургтарин намояндаи миллати мо бо ҳунари воло ва эҷоди нотакрораш ҳамчун баландтарин нуқтаи икишофи санъати мусиқӣ, зиёда аз 1400 сол боз дар шуури бадеии аҳди илму адабу ҳунар ҷой гирифта, оҳангҳои безаволи ин нобиғаи таърихӣ заминаи асосии рушди минбаъдаи санъати мусиқии касбии мардумони Шарқ гаштааст.
Мероси мусиқии суннатии тоҷик «Шашмақом» дар тӯли қарнҳои зиёд чун як асари силсилавии шаклан мураккаб, вале хусусияти касбӣ дошта, рушду мукаммал мегардид ва аз насл ба насл ба таври шифоҳӣ дар шакли анъанаи зинда – тавассути низоми суннатии «устоду шогирд» интиқол меёфт.
Тавре устод Садриддин Айнӣ нигоштаанд: «Шашмақом, ки номи умумии мусиқии классикии халқи тоҷик аст, якбора ба ин шакли ҳозираи мукаммалшудааш нарасидааст, балки монанди ҳунар ва пешаҳои дигар бо хизмат ва ихтирои одамони бисёр – сарояндагон, навозандагон ва оҳангсозон такмил ёфтаааст».
Дар баробари ин, бояд як нуктаро таъкид намуд, ки дар рушди ин санъати нодир саҳми мактаб ва ҳавзаҳои эҷодию иҷроии Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Тошканд, водиҳои Ҳисор, Зарафшон, Дарвозу Рашт ва Фарғона нақши назаррасе доштанд.
Зимнан, саҳми сарояндаву донандагони санъати мақом Бобомуллои Хонанда, Қорӣ Каромати Дилкаши Танбурӣ, Раҳимбердии Танбурӣ, Абдусамадбеки Ҳофиз, Бобоғиёс Абдуғанизода, Бобоҷалол Носирзода, Леви Бобохон, Домуло Ҳалим, Устод Шодӣ, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Меҳтари Туробӣ, Содирхон Ҳофиз, Мулло Тӯйчӣ, Абдуқодири Ҳофизи Истаравшанӣ, Саидхони Ҳисорӣ, Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Барно Исҳокова, Нисон Шоулов, Боймуҳаммад Ниёзов, Нериё Аминов, Аҳмад Бобоқулов, Алиҷон Солиев, Маъруфхўҷа Баҳодуров, Алмос Абдуллоев, Лола Баракаева, Меҳрӣ Исҳоқбоева, Мастона Эргашева, Абдуҷалил Ҳошимов, Карим Қосимов, Барот Яхшиев, Асадулло Атоуллоев, Тўхта Иброҳимова ва дигарон дар ҳифзу эҳёи анъанаҳои мақомхонӣ бузург аст. Ҳамзамон санъати «Шашмақом» дар рушди мусиқии анъанавӣ ва сабку равияҳои гуногунжанри ҳунармандони мардумӣ, аз қабили Акашариф Ҷўраев, Абдулло Назриев, Зафар Нозим, Иброҳим Кобулӣ ва дигар ромишгарон саҳми назаррас гузошта, маҳз дар заминаи суруду оҳангҳои Шашмақом силсилаи нави таронаю оҳангҳои ин устодон эҷод гардидаааст.
Бо тақозои замон дар назди ҷомеа ва донандагони Шашмақом дар марҳилаи начандон дур масъалаи сабти навоҳои дилангези Шашмақом дар хати адвори муосир пеш омад, то ин шоҳасари бузург на танҳо дар ҳофизаву хотираи ҳунармандон, балки дар воситаҳои сабти хаттӣ низ дарҷ гардад.
Соли 1924 бо ибтикори фолклоршиноси машҳури рус, мусиқишинос ва оҳангсоз Виктор Успенский ва мусиқишинос ва мардумшиноси рус Николай Миронов бо ҷалби шоир Абдурауф Фитрат ва донандагони маъруфи Шашмақом Бобо Ҷалоли Носирзода ва Бобо Ғиёси Абдуғанизода бори нахуст китоби Шашмақом «Шест музыкальних поэм Шашмакома», дар хати адвори муосир таҳия ва чоп гардид.
Устод Садриддин Айнӣ дар мақолаи худ бо номи «Назаре ба гузаштаи санъати тоҷик» таъкид менамояд: «Мо бо ҷасорат гуфта метавонем, ки дар тавлиду ташаккули «Шашмақом» хидмати аввалинро тоҷикон кардаанд, чунон ки аксар шуъбаву сурудҳои ин шоҳасар мисли «Рост», «Дугоҳ», «Наврўзи Сабо», «Наврўзи Хоро», «Наврўзи Аҷам», «Сегоҳ», «Чоргоҳ», «Бебокча», «Савора», «Тарона» тоҷикианд. З-ин рў, ин шоҳномаи фалсафиву ахлоқӣ набояд аз миён равад».
Баъдан, бо ибтикори аллома Бобоҷон Ѓафуров солҳои 1947-1967 дар Тоҷикистон меросбарони барҷастаи санъати Шашмақом устодон Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов зери таҳрири муҳаққиқ, мусиқишинос-этнограф Виктор Михайлович Беляев китоби панҷҷилдаи Шашмақомро бо матни ашъор бо забони асл - яъне забони тоҷикӣ бори нахуст омода ва нашр намуданд.
Бояд иброз намуд, ки он иқдомҳое, ки дар солҳои Шўравӣ аз ҷониби фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ѓафуров роҳандозӣ гардиданд, ин санъати миллиро тавонистанд аз маҳвшавӣ эмин доранд.
Як нуктаро бояд зикр намуд, ки таъсиси аввалин дастаи мақомсароён соли 1939 дар назди радиои Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон, соли 1946 ташкил намудани дастаи мукаммали мақомхонон аз ҷониби устодон Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев ва Шоҳназар Соҳибов ва баъдан соли 1964 табдил додани он ба ансамбли касбии мақомхонон дар назди Кумитаи радио ва телевизиони Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин оѓоз аз соли 1947 гирдоварӣ ва ба нотагирии «Шашмақом» ва чопи он солҳои 1950 – 1967 иборат аз панҷ ҷилд дар Москва, ҳамзамон сабти аудио ва видеоии он барои Хазинаи тиллоии радио ва телевизиони тоҷик ва ѓайра танҳо ба хотири маҳфуз доштани ин шоҳасар дар шакли силсилавӣ анҷом дода шудаанд.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд «...фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима, гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла, осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии Шашмақом ва Фалак ва садҳо дастовардҳо ва падидаҳои дигари ҳунару адаб имрўз дар ҷахон машҳур аст».
Қобили зикри хос аст, ки маҳз соҳибистиқлолӣ барои рушди ин санъати нодири миллати тоҷик саҳифае наверо боз намуд.
Дар ин зимн, маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ассамблеяи 92-юми Созмони байналмилалии ЮНЕСКО 11 ноябри соли 2003 мусиқии классикии Шашмақом ҳамчун шоҳкории мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии инсоният ва қуллаи баландтарини мусиқии суннатии тоҷикон эътироф гардид. Қобили зикри хос аст, ки маҳз соҳибистиқлолӣ барои рушди ин санъати нодири миллати тоҷик саҳифае наверо боз намуд.
Дар ин радиф, бо мақсади такмили минбаъдаи анъанаҳои фарҳанги мусиқии халқи тоҷик дар заминаи арзишҳои асили санъати мақомхонӣ, тарбияи ҷомеа дар рўҳияи эҳтиром нисбат ба мероси маънавии ниёгон ва ба ифтихори 50-солагии ансамбли «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000 –ум Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони таърихии худ ба ансамбли “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман мақоми давлатӣ доданд ва ҳамасола 12 майро дар тақвимбандии идҳо ҳамчун Рӯзи Шашмақом ворид намуданд, ки ин як қадами устувору мушаххасе дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.
Баъд аз тасвиби фармони мазкур имрўз дар ҳама вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ансамблҳои шашмақомхонӣ ва студияҳои бачагонаи шашмақомсароӣ таъсис ёфтаанд, ки идомадиҳанда ва меросбарони ин ганҷинаи тиллоии фарҳанги тоҷиканд.
Гуногунрангӣ ва омехташавии фарҳангҳо зери таъсири ҷаҳонишавӣ имрўз дар назди мо вазифаҳои аз ин ҳам муҳимтарро баҳри ҳифзи таъриху анъана ва асолати миллӣ мегузорад.
Санъати «Шашмақом» хазинаи нодири миллати тоҷик аст, ки савту таронаҳои он бо манзалату маърифаташ дар замири инсон фазилатҳои накўӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносиро бедор намуда, ҷаҳони андеша ва зеҳниятро ҷилои нав мебахшад.
Дар ин радиф, таҳвили бегазанди ин ганҷинаи тиллоии миллат барои наслҳои оянда, вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандўст мебошад.
Боз дар гӯшам расад савту навои Шашмақом,
Қалб шӯру шавқ дорад дар ҳавои Шашмақом.
Созу овози ниёгон бо сурудаш ҷовидон,
Зеби миллат, зеби давронам ливои Шашмақом
Хуршед Низомӣ,
Узви Раёсати Иттифоқи
композиторони Тоҷикистон