Эмомалӣ Раҳмон: «Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин намунаи шоистаи ҳамкории муваффақ мебошанд»
Таърихи муносибатҳои дуҷонибаи мардумони мо, ки дорои решаҳои амиқи чандинасра мебошанд, аз замони Роҳи бузурги Абрешим маншаъ гирифта, намунаи шоистаи ҳамкории муваффақ аст. Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, муносибатҳои мо тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро фаро мегиранд. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабарнигори Агентии иттилоотии «Синхуа».
Ба гуфтаи Сарвари давлат, «Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи барпо намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ» на танҳо барои рушди муносибатҳои дуҷониба ба манфиати халқҳои ҷумҳуриҳоямон заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт, балки дар ҳифзи сулҳу субот дар минтақа низ нақши назаррас дорад.
Пешвои миллат бо изҳори хушнудӣ баён доштаанд, ки давоми беш аз 30 соли муносибатҳои дипломатӣ ҳамёрии Тоҷикистону Чин дар самтҳои ҳамсоягии наку, дӯстӣ ва дастгирию эътимоди мутақобила устуворона рушд менамояд.
«Имрӯз муносибатҳои кишварҳои мо дар заминаи ҳамбастагии мавқеъҳо оид ба аксар мушкилоти минтақавӣ ва глобалӣ асос ёфтаанд. Ҳамкории созанда ҳам аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамаҷониба густариш меёбад», — иброз намуданд Роҳбари давлат.