Эмомалӣ Раҳмон: «Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада ёдовар шуданд, ки Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст, ки то ҳанӯз дар байни мо – тоҷикон роиҷ буда, кишоварзон тибқи он, рӯзу моҳу фаслҳоро ҳисоб менамоянд ва дар корҳои деҳқонии худ истифода мебаранд.
Сарвари давлат илова намуданд, ки мувофиқи тақвими чиллашуморӣ, аз 22 декабр чиллаи калон шуруъ мешавад ва шаби даромадани чилларо ниёгони мо бо номҳои «Шаби чилла» ва «Шаби ялдо» ҷашн мегирифтанд.
«Баъд аз анҷоми чиллаи калон, ки ба 30 январ рост меояд, ҷашни Садаро баргузор менамуданд, иброз доштанд Сарвари давлат. — Яъне ба ҳисоби мардум чиллаи калон давраи авҷи сардиҳо мебошад».
Аз ин хотир, ба таъкиди Президенти мамлакат, дар аввалу охири он шабнишинӣ ва шодию нишот баргузор намуда, орзуи осоишу оромии рӯзгор ва файзу баракати корҳои кишоварзиро менамуданд.