Эълони Кумитаи телевизион ва радио

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пурзўр намудани самаранокии воситаҳои ахбори омма ҳамчун воситаи муҳими тарғиботӣ дар «Телевизиони Тоҷикистон» ва шабакаҳои Радиои Тоҷикистон барои дарёфти  наттоқон, муҳаррирон ва коргардонҳои ҳирфаӣ ОЗМУН эълон менамояд. Довталабон бояд дорои лаҳни гўё, хотираи қавӣ, маҳорати суханварӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ буда, дар доираи жанрҳои журналистика барномаҳо таҳия намуда, дар инъикоси мавзўъҳои актуалӣ, таҳлилу тадқиқ, масъалаҳои муҳими ҷомеа маҳорат дошта бошанд.

     Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

*Ариза

*Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо

*Тарҷумаи ҳол

*3 дона расми 3х4

*Нусхаи  ҳуҷҷатҳо  дар бораи таҳсилот

*Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

*Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ

*Нусхаи шиноснома

*Маълумотнома аз ҷойи истиқомат

*Нусхаи  рақами мушаххаси  андозсупоранда (РМА)

*Маълумот аз ВКД барои изи ангуштон

 

Музди  меҳнат тариқи шартнома муайян мегирад.

Суроға: ш. Душанбе, кўчаи Чапаев 31 (Хонаи радио). телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 227-65-69

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то 25 январи  соли 2017