Эълони натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия
Нашр шуд. Душ, 23/05/2016 - 14:45
22 май соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, ки натиҷаҳои пешакии он имрӯз эълон гардид.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода 23 май зимни эълони натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ иттилоъ дод, ки аз рӯи маълумоти пешакӣ аз шумораи умумии раъйдиҳандагон, ки 4 миллиону 409 ҳазору 516 нафарро ташкил медиҳад, дар ҷараёни раъйпурсӣ 4 миллиону 38 ҳазору 183 нафар раъйдиҳандагон ё худ 92% иштирок намуданд. Аз ин шумора, ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки ин рақам 94,5%-ро ташкил медиҳад. 3,3% раъйдиҳандагон ба муқобили ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз додаанд.
Ҳамин тариқ, мутобиқи қонунгузории кишвар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида ҳисоб меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки барои гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат 68 комиссияи ҳавзавӣ ва 3 ҳазору 239 участкаи раъйпурсӣ ташкил шуд. Дар сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон бошад, дар 29 давлати хориҷӣ 36 участкаи раъйпурсӣ ташкил гардид. Аз ҷумла, дар Федератсияи Русия-дар шаҳрҳои Москва, Екатеринбург ва Уфа 3 участкаи раъйпурсӣ кушода шуданд.
Ҷараёни раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро 7 ҳазору 500 мушоҳидони миллӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, созмонҳои ҷавонон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар комиссияҳои ҳавзавӣ ба қайд гирифта шудаанд, инчунин зиёда аз 120 мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида карданд.