ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид. Дар рафти озмуни мазкур ғолибон муайян ва бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои молию пўлӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар озмуни мазкур довталабон аз рўйи панҷ номинатсия, аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кўдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср донишу маҳорати худро нишон доданд. Дар ҷараёни ин озмун 200 нафар иштирок карда, 67 кас ба даври баъдӣ роҳхат гирифт.

Боиси ифтихори кормандони соҳа аст, ки намояндагони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар номинатсияҳои гуногуни озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, Тоҳири Асрориён ва Сафаралӣ Нозимов (“Телевизиони Тоҷикистон”) аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон ва муосир, Убайдуллои Хўҷаёр, Абдуҷалили Амон, Бузургмеҳри Боймурод (Радиои “Тоҷикистон”) аз номинатсияҳои адабиёти ҷаҳонӣ, классикӣ ва бачагона, Асҳобиддини Низом (ТВ “Синамо”) аз номинатсияи адабиёти муосир, Музаффари Сулаймонӣ (ТВ “Баҳористон”) аз номинатсияи адабиёти бачагона ғолиб гардида, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” соли сеюм аст, роҳандозӣ шуда, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат) доир мегардад.

Ба ҳамкасбонамон - ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар даврҳои минбаъдаи озмун барору муваффақият хоҳонем.