Ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Kahramanmaraş EXPO 2023» ташкил гардид
Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати мамлакат ва бо дастгирии роҳбарияти ноҳияи Оникишубати вилояти Қаҳрамонмараши Туркия ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Тоҷикистон ғурфаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023» ташкил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Ғурфаи Тоҷикистон аз 800м2 боғи дарахту гулҳо ва 50м2 бино иборат буда, дар дохили он молу маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ -сӯзаниҳо, расмҳо, китобҳо, либосҳои миллӣ, имконияти сайёҳӣ ва намунаи маҳсулоти тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.
Ғурфаи мазкур дар заминаи Ёддошти тафоҳум оид ба иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ва шаҳрҳои сабз «Kahramanmaraş EXPO 2023», ки байни ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Оникишубати вилояти Қаҳрамонмараши Ҷумҳурии Туркия 13 сентябри соли 2022 ба имзо расида буд, ташкил гардид.
Дар доираи намоишгоҳ Ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия Ҷевдет Йилмаз, Вазири кишоварзӣ ва ҷангалпарварии Туркия Иброҳим Юмакли, Раиси вилояти Қаҳрамонмараш Хайреттин Гунгор ва дигар шахсони расми ба ғурфаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯрии раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон бо раиси ноҳияи Оникишубат Ханифе Маҳчичек баргузор гардид.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба имконияти рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Туркия, алалхусус ноҳияҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла кишоварзӣ ва саноати сабук ибрози назар намуданд.