Қадрдонии ғолибони озмуни “Навои Истиқлол”
Озмуни суруду оҳангҳои беҳтарин таҳти унвони «Навои Истиқлол» бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули нерую маҳорати эҷодӣ, мусоидат ба эҷоди асарҳои баландмазмуни мусиқӣ, суруду оҳангҳои нави мазмуни баланди ватандўстию ватанпарастидошта ва таранумгари истиқлолу ваҳдати миллӣ аз 9 ноябри соли 2020 эълон гардида, то 1 марти соли 2021 идома ёфта, дар он композиторон, сарояндагон ва шахсони дорои маълумоти мусиқии касбӣ иштирок намуданд.
Дар давраи баргузории озмун 63 асари мусиқӣ −аз ин шумора, 21 суруд, 1 трио, 1 квартет, 6 навозиш, 1 кантата, 1 пйесаи оркестрӣ, 18 сюитаи вокалӣ барои яккахон, хор ва оркестри симфонӣ, 5 сюитаи вокалӣ-хореографӣ, 2 сюитаи мусиқӣ- хореографӣ, 3 увертюра барои оркестри симфонӣ, 2 дуэт ва 2 композитсияи мусиқӣ пешниҳод шуд.
Бо мақсади муайян намудани ғолибони озмун ҳайати ҳакамон иборат аз 11 нафар аз ҳисоби композиторон, мусиқишиносон, шоирон, коргардонҳои намоишҳои оммавӣ ва театрикунонидашуда таъсис дода шуд.
Дар даври ҷамъбасти озмуни «Навои Истиқлол», ки 12 марти соли 2021 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид 43 асари мусиқӣ (14 суруд, 6 навозиш, 1 кантата, 1 пйесаи оркестрӣ, 8 сюитаи вокалӣ барои яккахон, хор ва оркестри симфонӣ, 5 сюитаи вокалӣ - хореографӣ, 2 сюитаи мусиқӣ-хореографӣ, 1 дуэт, 1 трио, 1 квартет ва 3 увертюра барои оркестри симфонӣ) ба ҳакамони Озмун пешниҳод гардид, ки аз ин шумора тибқи талаботи низомнома 20 асари мусиқӣ - 5 сюитаи вокал ва вокалӣ-хореографӣ, 1 квартет, 1 трио бо ҳамовозии оркестри давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, 1 суруд бо ҳамовозии оркестри созҳои миллӣ, инчунин 13 суруд бо ҳамовозии ансамблҳои созҳои миллӣ ва эстрадӣ баҳои баланд гирифтанд.
Дар ин замина, тибқи қарори ҳакамони озмун 10 нафар довталабон ғолиб ва 7 нафар ҷоизадори озмун гардиданд. Ба ғолибон мукофотпулӣ ва диплом супорида шуд.
Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ идома ёфта, барои баланд бардоштани маҳорати эҷодӣ ва касбияти кормандони соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.