Ҳайати Малайзия барои иштирок дар Конфронси оби СММ-2023 даъват карда шуд
Ҳайати Малайзия барои иштирок дар Конфронси оби СММ-2023, ки моҳи март таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд дар Ню-Йорк баргузор мегардад, даъват карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
14 феврал мулоқоти муштараки сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нидерланд дар Малайзия, инчунин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Малайзия бо роҳбарияти вазорати захираҳои табиӣ, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Малайзия баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот сафирони Тоҷикистон ва Нидерланд дар бораи раванди тадорукот ба Конфронси оби СММ-2023 маълумот дода, даъват намуданд, то ҷониби Малайзия дар Конфронси таърихии дарпешистода дар сатҳи муносиб иштирок намояд ва ҳамчунин тибқи Рӯзномаи амал дар соҳаи захираҳои об тадбирҳо андешад.
Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар сурат гирифт.
АМИТ «Ховар»