Ҳайати Федератсияи Русия бо роҳбарии муовини Раиси Ҳукумат Марат Хуснуллин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад

Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия  Марат Хуснуллин  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар доираи ин сафар,  мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

Инчунин дар доираи ин сафар мулоқоти дуҷонибаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин дар назар аст.

Дар доираи ин  сафар ҳамчунин  мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Русия баргузор мегарад.