Ҷавонон пайрави Пешвои миллат
Нашр шуд. Пан, 03/11/2016 - 00:33
"Мо соҳиби давлати мустақил ҳастем ва фарзандони мо, яъне наврасону ҷавонон бояд ба хотири таҳкими истиқлолият ва пешрафту тараққиёти давлат, инчунин, барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистон дорои донишу маҳорат, ҷаҳонбинии васеъ, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳои муосир, ахлоқи ҳамида ва ватандӯсту ватанпарвар бошанд.
Фарзандони азиз, давлат ва Ҳукумати мамлакат имрӯз барои фароҳам овардани шароити мусоиду замонавии таҳсил ба шумо тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст ва ин корро минбаъд низ идома медиҳад.
Вазифаи асосии шумо танҳо хубу аъло таҳсил кардан аст.
Мо аз шумо умедҳои зиёд дорем, ки ин сарзамини аҷдодӣ, Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони азиз оянда бо дасти шумо боз ободу зеботар мегардад ва парчами истиқлолияташ ҳамеша парафшонӣ менамояд.
Миллати фарҳангсолори тоҷик аз замонҳои қадим тавассути осори адабии олимону донишмандонаш ба ҷаҳониён ганҷинаи бебаҳои панду андарз ва донишу таҷрибаро додааст".
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон