Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Дар асоси мувофиқаи дуҷониба, аз 30 январ то 5 феврали соли 2024 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 3,71 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд.
Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.
Аз натиҷаи мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.