Ҷаласаи мушовараи Кумита оид ба ҷамъбасти семоҳа дар соли 2023
12 апрели соли 2023 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо то охири сол баргузор гардид. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид кори ҷаласаро оғоз бахшида, рўзномаи онро барои баррасӣ ва қабул пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои ҳайати мушовара ҷонибдорӣ гардид.
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва дигар сохтору раёсатҳои Кумитаро баррасӣ карда, ёдовар гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2023 шабакаҳои давлатии телевизионӣ, аз ҷумла, “Телевизиони Тоҷикистон”, шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Баҳористон”, “Ҷаҳоннамо”, “Синамо”, “Варзиш”, “Илм ва табиат”, “Шаҳнавоз”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Футбол”, “Душанбе HD” ва шабакаҳои телевизионии “Бадахшон”, “Суғд”, “Хатлон” ва “Кўлоб” бо мақсади таъмини сабти пурра ва инъикоси рўйдоду чорабиниҳои муҳимми дохилию хориҷӣ, аз ҷумла, ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соли 2025 элон шудани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март ҳамчун “Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо”, сафарҳои дохилию хориҷӣ ва вохўрию мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷумҳуриҳои дигар ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, рафти баргузории ҷашну идҳои миллию давлатӣ ва касбӣ, инчунин, тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2022, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо як қатор корҳоро ба анҷом расонданд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита гуфта шуд, ки шабакаҳои радиоии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Радиои “Тоҷикистон”, «Овози тоҷик», «Садои Душанбе» ва «Фарҳанг» давоми се моҳи аввали соли 2023-юм фаъолиятро дар доираи формати ба худ хос ба роҳ монданд.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки дар ин муддат бо мақсади амалӣ гардидани марҳилаи 4-уми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» корҳои омодагиву таъмири бинои техникӣ ва хати барқ дар макони насби фиристандаҳои рақамӣ дар маҳаллаи Ҳоити ноҳияи Рашт, Чуҷалии шаҳри Ҳисор, Гулхаси шаҳри Турсунзода, Мотравни ноҳияи Ванҷ, Шитам ва Сохчарви ноҳияи Шуғнон, Шикуши ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, Ганҷинаи ноҳияи Хуросон, Даштиҷум ва Порвори ноҳияи Ш. Шоҳини вилояти Хатлон анҷом дода шуданд.
Иҷрои марҳилаи 4-уми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» то охири соли 2023 имкон медиҳад, ки фарогирии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ ба 83% расонида шавад.
Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи соҳаро таҳлилу баррасӣ намуда, барои ислоҳи камбудию норасоиҳо супоришҳо дод. Пеш аз ҳама ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон, беҳтар кардани сифату муҳтавои барномаю гуфторҳо, васеъ кардани ҳудуди фарогирии барномаҳо ва тақвияти заминаи моддию техникии соҳа таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Таъкид шуд, ки барои сифатнок таъмин намудани иҷрои марҳилаҳои боқимондаи "Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" чораҳои бетаъхир андеша шавад. Ҳамчунин, иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои назоратӣ, посух додан ба мактубҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва муроҷиати шаҳрвандон беҳбуд мехоҳад ва бо мақсади таъмини саривақтии дастуру супоришҳои мушовара ва маҷлисҳои назоратӣ аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ тадбирҳои амалӣ ба роҳ монда шавад.
Аз ҷониби раиси Кумита сифат ва муҳтавои барномаю гуфторҳо амиқан таҳлил гардида, супориш дода шуд, ки ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мувофиқ ба формати худ барнома таҳия намоянд. Дар робита мутобиқ ба ҳаҷм ва меъёри пешбинишуда омода кардани барномаю гуфторҳо, кам кардани такрор, риояи қатъии ҷадвали барномаҳо ва пешгирӣ аз барномаҳое, ки ғайри ҷадвал пахш мешаванд, вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарони шабакаҳо дониста шуд.
Дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо ҷалби мутахассисон ва коршиносони шинохта оид ба масъалаҳои ватандўстӣ, ҳисси миллӣ, худшиносӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ, расидан ба қадри сулҳу субот ва оромӣ, истифодаи самарабахши манбаъҳои обӣ, дўстиву бародарӣ, пешгирӣ аз эҳтимоли шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бегонапарастӣ, зиёдаравӣ, мубориза бо терроризм барномаҳои телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ зиёдтар ва пуртаъсиртар таҳия карда шавад.
Дар охир аз ҷониби ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи ҳамаи масъалаҳои рўзнома бо назардоши таклифу пешниҳодҳо Қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Қарори мазкур дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” нашр карда мешавад.