Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

jalasa-1.jpg

1 ноябри соли 2022 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба вазъи таҳияи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, раванди ба формати рақамӣ гузаронидани маводи бойгонӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа вобаста ба самтҳои телевизион, радио, дастаҳои ҳунарӣ ва масъалаҳои техникӣ, аз ҷумла вазъи феълии таҳияи барномаву гуфторҳои телевизионию радиоӣ, сатҳу сифати корҳои эҷодӣ, инчунин такмили базаи моддию техникии радиову телевизионҳо, беҳтарсозии инфрасохтори қабулу пахши мавҷҳои радиотелевизионӣ ҳисоботи масъулони дахлдор шунида шуд.

Баъди баррасӣ ва муҳокима аз рӯи ҳар як масъала қарорҳои дахлдори ҳайати мушовара қабул карда шуд.