Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
29-уми августии соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид баргузор гардид. Дар он аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва муассисаҳои тобеъ, иштирок намуданд.
Нахуст раиси Кумита ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд. Сипас, сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ Ибрагим Ахмедов вобаста ба татбиқи марҳилаи сеюми “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баромад кард.
Вобаста ба масъалаи дуюми ҷаласа “Амалинамоии барномаву гузоришҳои хабариву таҳлилӣ бо таҷдиди шаклу услуби лоиҳаҳои муосир ва ҷалби ровиёну ҷавонони соҳибистеъдод дар радиоҳои вилоятии кишвар."сардори раёсати ҳамонгсозии барномаҳои радиоӣ ва дастаҳои ҳунарии Кумита Моҳшариф Холиқзода баромад намуд.
Дар масъалаи ниҳоии мушовара “Татбиқи барномаву гузоришҳои таҳлиливу интиқодӣ, баланд бардоштани касбияти рӯноманигорон дар ҳамоҳангӣ бо Академияи ВАО ва амалинамоии барномаҳои нав дар радиои вилояти Суғд" муовини Сардори идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд Олимҷон Тошматов маърўза намуда, оид ба ҳалли масолили ҷойдошта пешниҳоду таклифҳои ҷолиби мавриди назар баён дошт.
Дар охир, аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардида, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба иҷрои ҳатмию саривақтии барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои раиси Кумита, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Котиби матбуот