ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.04.2024 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда” баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии кумита, роҳбарони сохторҳои кумита, аз ҷумла роҳбарияти радиову телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуданд.

         Нахуст маърӯзаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид оид ба натиҷаҳои семоҳаи самтҳои асосии фаъолияти кумита шунида шуд. Таъкид гардид, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати итттилоотии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши назаррас мегузорад. Раиси кумита самтҳои асосии фаъолияти сохторҳоро мавриди муҳокима қарор дода, фаъолияти натиҷабахши Шуроҳои - бадеӣ, таҳрирӣ ва техникии кумитаро муҳим шумориданд. Зеро самаранокии кори ҳама бахшҳои кумита аз фаъолияти сифатноки онҳо вобастагии калон дорад. 

Дар се моҳи  соли 2024 шабакаҳои давлатии телевизион ва радио бо мақсади таъмини сабти пурра ва инъикоси рӯйдоду чорабиниҳои муҳими дохилию хориҷӣ, аз ҷумла ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соли 2025  элон шудани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март чун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ҳамчунин “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024,  сафарҳои дохилию хориҷӣ ва вохӯрию мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷумҳуриҳои дигар ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, рафти баргузории ҷашну идҳои миллию давлатӣ ва касбӣ, инчунин, тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023, солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, солҳои  2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ”, 32 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашну чорабиниҳои дигари ҷумҳуриявию байналмилалӣ, иҷрои қонуну қарорҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, саноатикунонии босуръат, истифодаи самараноки замин, зимистонгузаронӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ, дастовардҳои соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, баррасии мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзуоти муҳим саҳми бештар гирифтанд.

Бо дарназардошти истиқболи сазовори ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси босифату саривақтии ҷорабиниҳо бахшида ба ин санаи таърихӣ, раиси кумита ҷиҳати беҳдошти фаъолият ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдори ҳайати мушовара қабул гардид.