Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита
29 августи соли 2023 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла тањияи барномањо вобаста ба вазъи истироњатгоњу, осоишгоњњо, нуќтањои сайру саёњат, фароҳам овардани имкониятҳо дар хатсайрҳо, роњандозии барномаҳои тањќиќотї – сайёњї ва инчунин таќвияти роликњои таблиѓотї вобаста ба дастовардњои Истиқлолият, тарљума ва дубляжи филмњои гуногунжанри сатњи љањонї ба забони давлатї бо назардошти манфиатҳои миллї мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар интиҳои ҷаласа аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, аз ҷониби раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҷиҳати таъмини муназзамии фаъолияти сохторҳо, беҳтар гардондани шароит ва имконоти эҷодию техникӣ, тарғибу ташвиқи пайвастаи сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳияи барномаву гуфторҳои ҷолибу муосир бо истифода аз иқтидори эҷодию техникӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастии насли наврас ба роҳбарони шабакаҳои телевизион ва радио ва дигар сохторҳои Кумита дастурҳо дода шуд