13 сол қабл ба Иди Наврўз мақоми байналмилалӣ дода шуд
13 сол қабл, 23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд. Тибқи маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳоло дар 13 мамлакати ҷаҳон чун иди расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат таҷлил карда мешавад. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Наврӯз яке аз ҷашнҳоест, ки таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Дар ҷаласаи 64-уми Маҷмаи умумии СММ бо пешниҳоди якчанд давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, ки меросдори ин ҷашн аст, 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Дар он рӯз собиқ Дабири кули СММ Пан Ги Мун чунин иброз дошт: «Аз ҷониби СММ чун рӯзи байналхалқӣ эътироф гардидани Наврӯз аз дарки бештари аҳамияти ин ҷашн на танҳо дар минтақаҳое, ки онро таҷлил менамоянд, балки дар саросари ҷаҳон шаҳодат медиҳад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯзро чунин арзёбӣ намуданд: «Аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадим ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоиву нафосат ва бедорию заҳмат будааст».
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ иброз дошт, соли 2015 бо дархости давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Ироқ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон семинари амалӣ ҷиҳати тавсеаи номинатсияи Наврӯз баргузор шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон котиби масъули Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сарвар Бахтӣ ва коршиноси соҳаи фарҳанги ғайримоддӣ Дилшод Раҳимӣ дар кори семинар иштирок доштанд. Коршиносони 12 мамлакат давоми чор рӯз шакли васеи номинатсияи муштаракро дар 42 саҳифа ва як силсила ҳуҷҷатҳои умумӣ таҳия намуданд, ки дар он дастовардҳои нави мамлакатҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон дар самти муаррифӣ ва рушду густариши ин ҷашни Наврӯз инъикос шудаанд.
Ба гуфти Дилшод Раҳимӣ, дар қатори муштаракоти наврӯзӣ дар номинатсия суннатҳои хоси фарҳанги тоҷикон: гулгардонӣ, хонабарорӣ, суманакпазӣ, таоми гандумкӯча ҷой дода шудаанд. Дар Тоҷикистон анъана шудааст, ки қабл аз таҷлили Наврӯз Сарвари давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи мамлакат мулоқот менамоянд. Ин амали нек низ дар номинатсияи Наврӯз ёдрас шудааст, зеро чунин мулоқотҳои наврӯзӣ дар дигар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ба назар намерасанд.
Унсури дигаре, ки бо ифтихор вориди мундариҷаи номинатсия шудааст, ин аст, ки ҳар сол дар ҷумҳурии мо нишони махсуси Наврӯз тасвир ва тасдиқ мегардад. Ин нишони Наврӯз дар ҳамаи китобу рӯзномаву маҷаллаҳо ва лавҳаву овезаҳо тасвир шуда, зинатбахши ҷашни мазкур мегардад. Чунин нишони Наврӯз низ дар мамлакатҳои дигари узви номинатсия собиқа надорад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»