20 май дар Тоҷикистон дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Дави миллӣ баргузор мегардад. Ин иқдом бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ, дар саросари мамлакат сурат мегирад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имсол ин рӯз ба 20 май рост омада, он дар шаҳри Душанбе соати 08:00 оғоз мегардад.
Масофаи «Дави миллӣ» зиёда аз 10 км-ро дарбар гирифта, аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз мегардад. Иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат менамоянд.
Бояд зикр кард, ки иқдоми мазкур бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ роҳандозӣ мешавад.
Инчунин, тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти оммавӣ гардонидани намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат дар ҳамин рӯз дар саросари ҷумҳурӣ Марафони велосипедронӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта маросими Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 51 ҳазор нафар сокинони синну соли гуногун баргузор гардида, дар интиҳо ба ғолибон медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандони худ 20 майи соли 2006 дар Дави миллӣ иштирок намуданд ва баъд аз он аз соли 2007 инҷониб Дави миллӣ ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
АМИТ "Ховар"