«ДОВ», «РОҲ», «ОХИРИН САЙДИ САЙЁД». Филмҳои тоҷикӣ дар Кинофестивали байналмилалии СҲШ иштирок мекунанд

Аз 27 то 31 январ дар шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон Кинофестивали байналмиллалии кишварҳои аъзои  Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Дар бахши озмунии он филмҳои ҳунарии «Дов»-и коргардон Муҳиддин Музаффар, «Охирин сайди сайёд»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил ва «Роҳ»-и коргардон Носир Саидов ба намоиш гузошта мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён дар Кинофестивали байналмиллалии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карда, дар бахши озмунии он ба ҳайси довар иштирок менамояд. Инчунин дар бахши ғайриозмунии кинофестивал филми кӯтоҳи ҳунарии «Этюд»-и коргардон Мумин Қодиров намоиш дода мешавад.

Дар бахши озмунии кинофестивал филмҳо аз ҳашт кишвари аъзо  пешниҳод гардида, миёни ҳам рақобат менамоянд. Дар бахши ғайриозмунӣ филмҳо барои алоқамандони кино  манзур мегарданд.

Филмҳое, ки дар кинофестивал намоиш дода мешаванд, ба алоқамандони синамо имкон фароҳам меоранд, ки аз тамаддуни гуногун бархӯрдор шуда, фарҳанг ва расму оини миллати худро тавассути филмҳояшон ба дигар давлатҳо муаррифӣ намоянд.

Тазаккур дода шуд, ки Кинофестивали байналмилалии кишварҳои аъзои  Созмон ҳамкории Шанхай бо мақсади барқарорсозии ҳамкории синамонигорӣ таъсис ёфта, чун воситаи муттаҳид намудани фарҳангҳои мухталифи кишварҳои аъзои ин ниҳоди байналмилалӣ хизмат менамояд.

АМИТ «Ховар»