Дар вилояти Хатлон ҷашни Меҳргон пуршукуҳ таҷлил шуд

14 октябр бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Хуросон ҷашни Меҳргон таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд.

Таъкид гардид, ки ҷашни Меҳргон ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи ранҷи кишоварзон аст, ки ниёгони мо дар мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил менамуданд. Бинобар ин Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосил мебошад.

Гуфта шуд, ки кишоварзони қавииродаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар заминаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бо истифода аз имконияту шароити мавҷуда заминро мақсаднок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оварданд.

Дар доираи таҷлил аз ҷашни Меҳргон дар маркази ноҳия намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид ва сокинон тавонистанд бо нархҳои дастрас молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро харидорӣ намоянд.