Дар Тоҷикистон нашъамандӣ дар байни шаҳрвандон, хусусан ҷавонон коҳиш ёфтааст

Зимни нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023, ки имрӯз баргузор гардид, хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҳолат ва натиҷаҳои амалисозии марҳалаи якуми «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» пурсон шуд.

Тавре роҳбарияти Агентӣ иттилоъ доданд, дар натиҷаи амалисозии ин Стратегия вазъи нашъамандӣ дар байни шаҳрвандон, хусусан ҷавонон коҳиш ёфтааст. Барои мисол, агар соли 2008 дар ҳудуди мамлакат 8 ҳазору 645 нашъаманд сабт шуда бошад, пас ба ҳолати 1 январи соли 2024 ин шумора 4 ҳазору 160 нафарро ташкил додааст. Давоми як сол, яъне аз соли 2022 то соли 2023 шумораи нашъамандон 221 нафар кам ва ё 5 фоиз коҳиш ёфтааст.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» моҳи марти соли 2021 қабул гардида, дар ду марҳила амалӣ мешавад. Марҳилаи якум солҳои 2021-2025 ва марҳилаи дуюм солҳои 2026-2030-ро дар бар мегирад.

Ҳадафҳои асосии Стратегия- таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдидҳои маводи нашъаовар ва оқибатҳои зиёновари он, тақвияти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, дониста мешаванд.

Бо мақсади расидан ба Стратегия аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Тибқи нақшаҳои муштарак, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар тақвият дода шуда, баҳри коҳиш додани теъдоди ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои ошкорнашудаи марбут ба маводи нашъаовар тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Ҳамчунин дар самти муайян ва дастгир намудани саркардагон ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии нашъаҷаллоб, самарабахш намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар, коҳиши дастрасӣ ба маводи нашъаовар, ки бо мақсадҳои муомилоти ғайриқонунӣ ва ё суиистеъмол истифода мешаванд, бақайдгирии саривақтии шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ, баланд бардоштани сифати табобат ва офиятбахшии тиббию иҷтимоии онҳо фаъолияти босамар анҷом дода мешавад.

Дар натиҷаи фаъолияти босамар давоми соли 2023 аз ҷониби Агентӣ 114 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ва дигар намуди ҷиноят ошкор шуда, фаъолияти 41 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 77 нафар, ҳамчунин 1 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ карда шуд. Дар ин давра 10 шахси дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта муайян ва дастгир шуда, аз ҷониби муфаттишони Агентӣ 203 парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурд қабул ва 145  парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Аз инҳо 77 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 111 нафар ба судҳо ирсол гардидааст.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, соли 2023 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон 21 319 ҷинояти умумӣ сабт шудааст. Аз ин шумора 699 ҷиноят вобаста ба маводи нашъадор мебошад, ки 3,3 фоизи ҷиноятҳои умумиро ташкил медиҳад. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаю 282 кг 814 гр маводи нашъаовар мусодира шудааст.

Соли 2023 дар доираи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» аз ҷониби Агентӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии мамлакат ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ  вохӯрию мулоқот, семинарҳои омӯзишӣ, ҳамоиш, барномаҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуданд. Чунончӣ, соли гузашта «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2023» ташкил шуд, ки он сафарашро аз шаҳри Хоруғ оғоз намуда, то ба шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд рафт ва дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.

Дар доираи корвон бо иштироки ҷавонони фаъол аз тамоми гӯшаву канори мамлакат  тарзи ҳаёти солим тарғибу ташвиқ шуда, даҳҳо бозиҳои варзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида шуданд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар