Дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ
10 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли боронҳои шадиди селу ҷола, обхезӣ ва сангрезиш дар роҳҳои куҳӣ чораҳои зарурӣ амалӣ намуда, мардумро аз ин хатарҳо огоҳ намоянд.
Таъкид гардид, ки имрӯз ва чанд рӯзи наздики дигар дар минтақаҳои гуногун, бахусус ноҳияҳои куҳӣ ва наздикуҳӣ ҳавои номусоид ва офатҳои табиӣ пешбинӣ мегардад.