КОРВОНИ «МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО». Ҳайати он бо мавзеъҳои таърихии шаҳри Панҷакент шинос гардид

13 июл дар доираи ҳамоиши ҷумҳуриявии Корвони «Модарони ваҳдатсаро» як гурӯҳ занону бонувон бо ҷойҳои таърихии шаҳри Панҷакент шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки корвони мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳкими сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат ба роҳ монда шудааст.

Ҳайати Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар шаҳри Панҷакент бо ёдгории таърихии Саразм шинос шуд.

Бояд гуфт, ки Саразм ҳамчун нодиртарин ёдгории тамаддуни бостонии Осиёи Миёна, маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар таърих ҷойгоҳи махсус дорад. Он ба аҳди энеолит ва асри биринҷии қадим пайванд мебошад. Аз мамнуъгоҳи Саразм беш аз 150 маҳсулоти оҳанӣ, монанди табар, гурз, теша, корд, сӯзан, ороишоти нуқрагиву тиллоӣ ва ғайра дарёфт шуда, яке аз бозёфтҳои нодири аз ҳафриёт пайдошуда ҷасади «Маликаи Саразм» мебошад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар давлати Бразилия баргузор шуд, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардид.

Сипас бо фаъолзанон ва собиқадорони Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд мулоқот доир гардид.

Ҳамзамон дар шаҳри Панҷакент намояндагони корвон оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то 15 июл идома меёбад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»