ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАРОТИБАҲОИ ЗИЁД ТАЪКИД НАМУДААНД. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки обшавии пиряхҳо ба ҳаёти миллионҳо нафар таҳдид мекунад

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки обшавии пиряхҳо ҳаёти миллионҳо одамонро зери хатар мегузорад, аммо на ҳамеша дар он ҷойҳое, ки қаблан тахмин мерафт. Пиряхҳо «дарёҳои ях» мебошанд, ки дар тӯли миллионҳо сол аз барфи фишурда ба вуҷуд омадаанд. Онҳо хеле оҳиста аз водиҳо ҷорӣ мешаванд ва баъзан онҳо чунон калон мешаванд, ки ба яхбандиҳои воқеӣ, ки ба баҳр мераванд, мубаддал мегарданд, менависад Science Alert. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ хабар медиҳад.

Маълум аст, ки гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии ҳарорати сайёра бар зарари пиряхҳост — дар натиҷа имрӯз онҳо назар ба интизории олимон зудтар об мешаванд. Пешгӯӣ шудааст, ки то охири аср тақрибан нисфе аз 215 ҳазор пирях дар рӯи Замин нест хоҳанд шуд.

Тадқиқоти нави олимони Донишгоҳи Нюкасл дар Британияи Кабир нишон медиҳанд, ки оқибатҳои обшавии пиряхҳо барои миллионҳо нафар дар чаҳор давлат – Ҳиндустон, Покистон, Перу ва Чин харобиовар хоҳанд буд. Муҳаққиқон муайян кардаанд, ки дар ин кишварҳо аҳолӣ махсусан ба офатҳои табиӣ осебпазиранд ва шумораи кӯлҳои пиряхӣ дар онҳо зиёданд.

Тадқиқот бо роҳбарии Каролин Тейлор нишон медиҳад, ки тақрибан 15 миллион нафар метавонанд дар зери хатар қарор гиранд, зеро онҳо дар поёноби кӯли азими пирях, ки метавонад таркад, зиндагӣ мекунанд.

Олимон иброз медоранд, ки хуруҷи кӯлҳои пиряхӣ метавонад боиси обхезии миқёси калон гардад, ки чун қоида, вақти огоҳ карданро надорад — дар натиҷа ҳазорон одамон зарар мебинанд ва хати харобшавӣ метавонад ба зиёда аз 100 километр тӯл кашад.

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки аҳолии минтиқаҳои баландкӯҳи Осиё осебпазиртарин мебошанд. Аз ҳама хатарноктарин дар айни замон олимон Покистон ва Чинро меноманд. Ҳамин тариқ, дар Покистон, дар наздикии кӯли пирях, ки метавонад таркад, каме бештар аз 2 миллион нафар, дар Чин — тақрибан ду баробар зиёд зиндагӣ мекунанд. Перу дар ин рӯйхат ҷои сеюм ва Ҳиндустон ҷои чаҳорумро ишғол мекунад.

Олимон изҳор мекунанд, ки усулҳои онҳоро минбаъд метавон барои назорати хатари обхезӣ дар натиҷаи таркиши кӯли пирях истифода бурд, ки метавонад дар оянда ҷони миллионҳо одамонро наҷот диҳад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо доир ба ин мушкилот, аз ҷумла моҳи марти соли 2021 зимни суханронӣ дар ҷаласаи маҷозии Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба Ҳадафи шашуми рушди устувор изҳор дошта буданд.

«Имрӯз мо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия обшавии босуръати пиряхҳоро мушоҳида мекунем. Дар пиряхҳои заминӣ низ тағйироти ҷиддӣ ба амал меояд», — изҳор дошта буданд Сарвари давлат ва гармшавии глобалиро сабаби тағйирёбии иқлим номиданд.

Президенти Тоҷикистон аз кӯҳҳои Помир мисол оварданд, ки суръати обшавии қуллаи пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

«Обшавии калонтарин пиряхи наздисоҳилӣ — пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки дарозиаш беш аз 75 километрро ташкил медиҳад, намунаи барҷастаи ин аст», — таъкид карданд Сарвари давлат.

Тадкикот нишон медиҳанд, ки танҳо давоми 70—80 соли охир пиряхи Федченко бештар аз як километр кам шуда, масоҳати он то 44 километри мураббаъ кам гаштааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки пиряхҳо манбаи асосии оби тоза мебошанд. «Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар таҳдид мекунад», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон. Дар робита ба ин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал оварданд, ки Фонди байналмилалии наҷоти пиряхҳо таъсис дода, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва санаи баргузории Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар карда шавад.

Қобили зикр аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ризоияти якдилона Қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистонро дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳоро қабул кард. Тибқи ин қатънома, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масоили ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуда, соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди СММ дар ин мавзӯъ баргузор мешавад.

Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОДӢ