Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод парваришгоҳи ҳайвоноти нодирро ифтитоҳ намуданд

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Муъминобод парваришгоҳи ҳайвоноти нодирро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали ноҳия шинос шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 5 гектар боғи интенсивии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чилдухтарон» ва ҳолати нашъунамои меваҳои боғ, ки асосан себро ташкил медиҳад, шинос шуданд.

Дар ҳамин ҷо аснои шиносоӣ бо фаъолияти боғдорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чилдухтарон» бо назардошти иқлими мусоид Сарвари давлат ба роҳбарияти ширкат супориш доданд, ки оянда дар баробари боғи интенсивии себ дар масоҳати 3 гектар замин дарахтони нокро парвариш намоянд.

Масоҳати умумии парваришгоҳ 363 гектар буда, ин мавзеи ноҳияи Муъминобод барои парвариши ҳайвоноти нодир дорои иқлими мусоид мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ҷангалҳои ноҳия ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили хирс, рубоҳ, гург, қашқалдоқ, силовсин ва парандаҳои мухталиф, аз ҷумла лочин, боз ва уқоб мавҷуд аст.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири афзоиши саршумор ҳайвоноти нодирро ба табиат сар доданд.

Дар парваришгоҳ барои нигоҳубин ва марҳила ба марҳила зиёд намудани саршумори ҳайвоноти нодир шароит ва имконияти васеъ мавҷуд аст.

Ҳудуди парваришгоҳ бо симтур маҳкам карда шудааст ва ин тадбир имконият медиҳад, ки ҳайвоноти нодир ҳифз шаванд ва саршумори он сол ба сол афзун гардад.

Иқлим ва боду ҳавои мусоиди Тоҷикистон, бахусус ноҳияи Муъминобод имкон медиҳад, ки дар натиҷаи дуруст парвариш ва нигоҳубин ҳайвоноти нодир ҳамасола ба маротиб зиёд карда шавад.

Парвариш ва нигоҳубини ҳайвоноти нодир барои рушд бахшидан ба соҳаи сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ замина гузошта, дар оянда омили муҳими ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба Тоҷикистон мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити парваришгоҳ, ки дар мавзеи хушбоду ҳавои ноҳияи Муъминобод таъсис дода шудааст, бо масъулони соҳа суҳбати самимӣ анҷом дода, ҷиҳати дар оянда зиёд намуди саршумори ҳайвоноти нодир, дуруст парвариш намудан ва ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ намудани ҳайвоноти аз хориҷи мамлакат воридгардида дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Мавҷуд будани чунин имконияти табиӣ дар беҳтар намудани гуногунии биологӣ ва ба ин васила бештар намудани навъҳои ҳайвоноти нодир аҳамияти калон дорад. Дар шароит ва мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон таъсиси парваришгоҳҳо ва мамнуъгоҳҳо афзалияти бештар дошта, ба афзоиш ёфтани саршумори ҳайвоноти нодир мусоидат менамояд, ки ин аз ҳадафҳои ояндадори Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Парваришгоҳ дар мавзеи зебоманзар ва хушбоду ҳавои ноҳияи Муъминобод ташкил гардида, дарахтони зиёд ва гулу гиёҳҳои ҳархелаи худрӯй дорад. Дар ин мавзеъ асосан чормағз, хуч, татум, себи ҷангалӣ ва ғайра хуб нашъунамо ёфта, дарахтони ҳамешасабз муҳити атрофро сабзу хуррам нигоҳ медорад.

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод дар ихтиёри худ 17 ҳазору 423 гектар замин дорад. Шумораи коргарони хоҷагӣ 34 нафарро ташкил дода, дар мавсими ҷамъоварии ҳосили дарахтону гулу гиёҳҳои шифобахш, аз қабили чойкаҳак, “буйи модарон”, тахач, пудина, калкутӣ, ҷамилак ва ғайра беш аз 60 нафар ба кор даъват карда мешаванд.

Кормандони хоҷагиҳои ҷангали мамлакат дар баробари парвариши ҳайвоноту наботот, инчунин ба ҷамъоварии меваю растаниҳои шифобахш, ки Тоҷикистон аз ин неъматҳои табиӣ бой аст, машғул мебошанд.

Тибқи иттилои коргарони Хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод, айни ҳол дар анборҳо 3 тонна чормағз, 2 тонна меваи хушк, асосан себи ҷангалӣ, 500 килограмм хуч, 100 килограмм татум ва 600 килограмм гиёҳҳои шифобахши чойкаҳак, пудина ва ҷамилаку тахач захира карда шудааст.

Дар ҳамин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти табиию хушсифати хоҷагиҳои ҷангал шинос шуданд.

Аҳли хоҷагиҳои ҷангал маҳсулоти мухталиф, аз ҷумла меваҳои тару хушки олучаи куҳӣ, себи ҷангалӣ, хуч, дулонаҳои зарду сурх, зардолу, олучабандак, чормағз, бодоми талхак, зирки зелол, санҷид ва асалро ба маъраз гузоштанд.

Баъди эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва беҳтар гардидани вазъи фаъолияти мамнуъгоҳҳои мамлакат таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён ба имконияти рушди сайёҳии байналмилалии Тоҷикистон бештар мегардад.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат ҳоло шумораи зиёди мамнуъгоҳҳо ва хоҷагиҳои ҷангал фаъолият доранд. Ҳадаф аз таъсиси ин хоҷагиҳо ва парваришгоҳҳо ҳифзи олами ҳайвоноту наботот ва афзоиш додани онҳо мебошад.

Фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал ва парваришгоҳҳо ба рушди сайёҳии экологӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал барои афзун гардонидани гуногунии биологӣ, ҳифзи ҳайвоноту набототи нодир, ниҳолпарварӣ ва дар маҷмуъ, барои пешрафти иқтисоди мамлакат судовар мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон имрӯзҳо таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро бештар ҷалб намудааст.

Амну субот дар саросари мамлакат, рушди бахшҳои муҳим, фаслҳои зебои сол, рӯду чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, мавзеъҳои таърихӣ, мамнуъгоҳҳо ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, имкон фароҳам меоваранд, ки ташрифи сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бештар гардад.