РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Қоҳира тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангӣ дар доираи Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ шуд
15 март мулоқоти муштараки сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар Қоҳира бо Вазири захираҳои обӣ ва обёрии Ҷумҳурии Арабии Миср Ҳонӣ Сувайлам баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ Конфронси байналмилалии об, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, инчунин масоили ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обиву обёрӣ, истифодаи оқилонаи об ва андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангӣ дар доираи Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Миср ва Нидерланд бо назардошти таҷрибаи ғании худ дар масоили мазкур метавонанд ба нафъи давлатҳои худ ва ҳамаи аҳолии ҷаҳон ҳамкории пурсамар дошта бошанд.