Хабарнигорон барои инъикоси чорабиниҳои сатҳи баланд омода мебошанд

Дар ин лаҳзаҳо дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Барои инъикоси оҷилии кори ин чорабинии муҳим ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе зиёда аз 400 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи Осиëи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон омада, ҷараёни чорабинии мазкурро инъикос намуда истодаанд.

Барои кори самараноки хабарнигорон ҷониби Тоҷикистон шароити зарурӣ муҳайё намудааст. Аз ҷумла, дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуотӣ ташкил шудааст, ки барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ниҳоят мувофиқ мебошад.

Дар маркази матбуотии мазкур, ки дар толори васеъ ҷой гирифтааст, барои хабарнигорон ҷойҳои кории мувофиқ омода гашта, 100 компютери ба интернет пайваст дар хизмати онҳо қарор дорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»