Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт

26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президент ва Сарвазири ин кишвар, Попи Рим ва намояндагони воломақоми Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоту музокироти созанда анҷом доданд.

Натиҷаҳои судбахши ин сафар имзои 9 санади муҳими ҳамкорӣ аз рӯи анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Италия, баргузории форуми тиҷоратии ду давлат оид ба муаррифии имконияти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва имзои ҳуҷҷатҳо оид ба пешбурди фаъолияти соҳибкорони Италия дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Рим — Фюмичино ба номи Леонардо да Винчи меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтироми баланд намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Италия ва Ватикан гусел намуданд.

Шоми рӯзи 26 апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Рим ба Ватан баргаштанд.

АКС аз бойгонӣ