Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Шоми 26 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ботантанаи пӯшидашавии Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барнома бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов баргузор шуд.
Барномаи пӯшидашавии Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо консерти гурӯҳи овозадори созии «Триои Консерваторияи Москва», ки аз се нафар навозандагон ва санъатшиносони моҳир Красотина Ирина Викторовна, Румянцев Евгений Валерйевич ва Агеев Николай Лвович иборат буд, оғоз гардида, хотири иштирокдоронро болида гардонид. Бояд гуфт, ки гурӯҳи мазкур дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон қалби ҳазорон нафар мухлисони санъатро бо навозиши моҳир ва нотакрори худ мутаассир кардааст.
Ҳамчунин дар маросими пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан»-и Осетияи шимолӣ – Алания, ки дар зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон санъати хореографии Осетияро муаррифӣ кардааст, ҳунарнамоӣ намуд.
Боиси зикр аст, ки ансамбл дорандаи медали «Дӯстии халқҳо», медали тиллои Фестивали байналмилалии панҷ қитъа дар Франсия мебошад.
Бояд зикр намуд, ки ҳунарнамоии ҳунарпешаҳои Россия ва намоиши аккосӣ, ки зебоии манзараҳои сарзамини Россияро инъикос мекунанд, на танҳо диққати тамошобини тоҷикро ба худ ҷалб мекунанд, балки дар рушди муносибатҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Маврид ба ёдоварист, ки бо мақсади мустаҳкам гардидани робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар- Тоҷикистон ва Россия аз 23 то 27 сентябр Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Ҳайати ҳунарии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи Рӯзҳои фарҳангӣ ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Турсунзода сафар намуданд.