Пагоҳ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Пагоҳ, 25 октябр, соати 09:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, намоишгоҳ то 27 октяби соли равон идома ёфта, дар он иштироки намояндагон аз Россия, Ўзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Франсия, Украина, Беларус, Корея, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Чин, ИМА ва Британия дар назар аст.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар намоишгоҳ ширкатҳои табъу нашр ва тоҷирону фурўшандагони ватаниву хориҷӣ маводи чопию таҷҳизоти полиграфии хешро пешниҳод менамоянд. Инчунин дар доираи он барномаҳои гуногун, аз қабили маҳфилҳои шеъру суруд, муаррифии китобҳои тозанашр, суҳбату озмунҳо дар назар аст.
Дар рўзи аввали намоишгоҳ, соати 11:00 дар мавзўи «Масоили ҳалталаби табъу нашр ва китобхонаҳо дар замони рушди технологияи муосир» конфронси илмӣ доир мегардад.
Ҳамчунин дар ин рӯз баргузории озмуни «Шоҳномасароӣ» бо иштироки хонандагони мактабҳо, муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии ватанӣ ва мубодилаи афкори ноширони ватаниву хориҷӣ дар назар аст.
АМИТ "Ховар"