Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон”
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо шарофати истиқлолияту ваҳдати комили сартосарӣ ва бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат боғҳои куҳна аз нав таҷдиду барқарор ва дар майдони ҳазорҳо гектар замин боғҳои нав бунёд карда мешаванд.
Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин бо ин роҳ мусоидат кардан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.
Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” соли 2006 — ум дар заминаи собиқ Боғи ботаникии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки соли 1937 таъсис ёфта буд, ташкил карда шуд.
Масоҳати умумии заминҳои боғ наздики 92 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, себи биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуд аст, ки нашъунамои хуб дорад. Аз дарахтони мевадиҳанда ҳосили аксари онҳо ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Дар масоҳати 9,48 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешавад.
Дар Боғи миллӣ ба ҳолати то 1 — уми ноябри соли 2017 шумораи дарахтони мевадиҳанда 17 ҳазору 365 бех, теъдоди умумии 30 намуд дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз 66 ҳазору 840 бехро ташкил медиҳад. Инчунин дар ин ҷо барои ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардан 8 намуди дарахтон, ки шумораашон 354 бехро ташкил медиҳад, мавҷуд аст ва онҳо нашъунамои хуб доранд.
Дар Боғи миллӣ кормандон аз тухм ниҳолҳои дарахтони гуногунро парвариш кардаанд, аз ҷумла сосна, маржевика, кипариси аризонӣ, туя, сафора, липа, каштан, магнолияи ҳамешасабз, магнолияи баргпарто, инчунин гулҳо, аз қабили гули садбарг, соквойа, зирк, легустра, брисклет, фарзетсия, туяи тиллоранг ва шамшод.
Дар муассисаи мазкур ҳамчунин ба хотири таъмини дигар хоҷагиҳои боғпарварӣ парвариши қаламчаи дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳудуди 3,80 гектар замини корам ғалла ва картошка кишт карда мешавад. Дар майдони 0,5 гектар замин бошад, гармхонаҳои парвариши лиму сохта шудааст.
Дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” беш аз 100 нафар ба таври доимӣ фаъолият мекунанд ва дар вақти ҷамъоварии ҳосили дарахтони боғ инчунин даҳҳо нафар коргарони мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Ҳамаи ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои нодири ороишӣ ва хушбуйи дар Боғи миллӣ парваришшуда барои зебо кардани боғҳои пойтахт ва ташкили боғҳои нав дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе нигаронида шудааст.
Аз ин рӯ, зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтони боғи мазкур Пешвои миллат ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт тавсия доданд, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишвар ба таври васеъ аз дарахтони дар ин боғ парваришшуда истифода баранд.
Ҳамин тавр дастур дода шуд, ки аз ин ҷо барои боз ҳам зебою дилнишин кардани Боғи Қасри миллат, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи Дӯстӣ, Боғи Рӯдакӣ, Боғҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, Боғи Ирам, Боғи Наврӯзгоҳ ва дигар боғҳои пойтахт дарахтони ороишӣ бурда шинонанд.
Дастурҳои дигар ба роҳбарияти Боғи миллӣ барои васеъ кардани майдони боғ ва ба як макони дилрабои сайру саёҳат мубаддал гардонидани он дода шуд. Таъкид карда шуд, ки барои ба як боғи муҳташам табдил додан аз ҳозир ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои зиёд парвариш карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки табиат ва иқлими Тоҷикистон барои рушди боғу токпарварӣ, бунёди боғҳои меваҳои содиротӣ хеле мувофиқ мебошад. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар саросари кишвар бо дастуру ҳидоят ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна бомаром идома дорад. Тавре мушоҳида мегардад, солҳои охир ба хотири беҳдошти иқтисодиёти кишвар бештар ба бунёди боғи дарахтони меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, зеро дар бозорҳои кишварҳои хориҷ талабот ба меваҳои хуштамъи сарзамини мо зиёд аст.
Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳон солҳои охир дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, аз ин ҳисоб заминҳои кишт ва боғҳо васеъ карда мешавад.
Танҳо давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо боғҳои интенсивӣ бунёд шудааст.
Боғҳои калонтарини ҷумҳурӣ, ки бо иштироку иқдоми бевоситаи Пешвои миллат ва бо саҳми ҳазорҳо нафар меҳнаткашони мамлакат бунёд шудаанд;-
“Боғи миллии Тоҷикистон” соли таъсисёбиаш 2006 — ум, “Боғи 15 — солагии Истиқлолият” соли таъсисёбӣ 18 феврали соли 2006 дар шаҳри Ҳисор”, “Боғи Ваҳдати миллӣ” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 20 марти соли 2008, “Боғи Истиқлол” дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 26 марти соли 2011, “Боғи 3000 — солагии Ҳисор” 1 марти соли 2014, “Боғи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” дар Хоҷагии фермерии “Асадулло” — и ноҳияи Хуросон 23 феврали соли 2016, “Боғи 25 — солагии Истиқлолият” дар шаҳри Ҳисор 25 феврали соли 2016 ва боз даҳҳо адад боғҳои интенсивӣ, ки меъморашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ин иқдомҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар аз як ҷониб барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи кории нав ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мусоидат намояд, аз тарафи дигар баҳри истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида, содироти меваю хушкмеваҳо ба хориҷи кишвар ва барои гирифтани даромади хуби иқтисодии кишвар ва мардум манфиатовар мебошад.