Иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби ошомиданӣ иштирок намуданд.
Дар шаҳри Бӯстон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҷараёни пурраи татбиқи ин лоиҳа шинос шуда, ба фаъолияти шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстон оғози расмӣ бахшиданд.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, барқарорсозии иншооти мазкур дар асоси созишномаи сеҷонибаи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои «Шимоли Тоҷикистон» анҷом дода шуд.
Иброз гардид, ки барои татбиқи ин лоиҳа дар шаҳри Бӯстон 25 миллиону 532 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд, ки 13 миллиону 293 ҳазор сомониаш қарз ва 12 миллиону 240 ҳазор сомонии дигари онро грант ташкил медод.
Зимни муаррифии Лоиҳаи системаи обтаъминкунии шаҳрҳои «Шимоли Тоҷикистон» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро дар бар мегирад. То ба имрӯз дар асоси ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо харҷи 80 миллиону 659 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом пазируфта, сокинон бо оби ошомиданӣ таъмин гардидаанд.
Корҳои барқарорсозӣ дар доираи ин лоиҳа дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара босуръат идома дошта, дар ин самт пешравиҳо ба назаррас мерасанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи обтаъминкунӣ ба масъулин барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва анҷоми босифати корҳо дастур доданд.
Барқарорсозии Шабакаи обтаъминкунии шаҳри Бӯстон дар асоси қарордод бо паймонкории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Умед-1» бо сарфи 8 миллиону 418 ҳазор сомонӣ бо дарозии умумии хати магистралии обтаъминкунии дорои 13 ҳазору 600 метр анҷом дода шудааст.
Татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ дар вилояти Суғд дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳали мушкилоти марбут ба норасосии об муҳиму саривақӣ арзёбӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби ошомиданӣ барқарорсозии пойгоҳи обкашии кутали 2-юм ва хатҳои технологӣ, таъмири бинои хлоркунонӣ дар асоси қарордод бо паймонкории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ПМК-43» бо харҷи 7 миллиону 351 ҳазор сомонӣ бунёд гардид ва бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ таъмин карда шудааст.
Шабакаи обтаъминкунии шаҳри Бӯстон дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзӣ ба навсозӣ ниёзи бештар пайдо карда буд ва дар баъзе мавридҳо ба нороҳатии сокинони биноҳои баландошёна сабаб мегардид.
Дар доираи татбиқи лоиҳа атрофи бинои Шабака дар масофаи 1 ҳазору 500 метр панҷарабандӣ гардида, таъмири асосии 7 чоҳи амудию насоси барқӣ, сохтмони 4 бинои чоҳи амудӣ ва навсозии пойгоҳи обкашии кутали 2-юм анҷом ёфтанд.
Ҳамчунин 4 насоси обкашии кутали 2-юм бо иқтидори умумии 2 ҳазору 600 метри мукааб дар як соат иваз карда шуда, навсозии бинои хлоркунӣ, даромадгоҳи нави бино, таҷҳизоти барқӣ ва васли ноқилҳои барқӣ дар бинои пойгоҳи обкашӣ, хатти технологӣ бо таҷҳизоти нигоҳдорандаи об, инчунин васлу насби қубури қутраш 315-1 ҳазору 100 метр ва пайваст намудани он ба хатти чоҳҳои амудӣ амалӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомшуда дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки васли ҳисобкунакҳои обӣ дар шаҳри Бӯстон аз тарафи муҳандисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷузъи зимистон» дар ҳаҷми 2 миллиону 514 ҳазор сомонӣ анҷом ёфт, ки 3 ҳазору 750 ададро дар бар мегирад.
Айни ҳол корҳои таъмиру тармим аз тарафи мутахассисон идома дошта, 1033 ҳисобкунаки обӣ дар хонаҳои баландошёна насб карда шуда, вусъати корҳо дар ин самт ба назар мерасад.
Техникаи махсуси коммуналӣ ва таҷҳизоти таъмирию ёрирасон ба маблағи 3 миллиону 607 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуршеди Хоразм» дастрас карда шудааст.
Дастгоҳҳои махсуси соҳавӣ ва таъмири таҷҳизоти озмоиширо ба Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби ошомиданӣ ҷамъиятҳои «МЕДКОМ» ва «Салоса» ворид намудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби ошомиданиро туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои истиқбол аз 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.