Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018
Нашр шуд. Ҷум, 29/12/2017 - 17:10
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
эълон намудани соли 2018
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, фармон медиҳам:
1. Соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.
2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 декабри соли 2017
№977