Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Туркманистон ГурбонгулӣБердимухамедов омадааст:
«Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич,
Дар иртибот ба санаи барои давлатҳои мо ва мардумонамон муҳим – 25-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ – бо камоли масаррат ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.
Боиси хушнудист, ки тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат дар ҳолати рушди бемайлон дар шаклҳои мухталифи ҳамшарикӣ қарор доштанд.
То имрӯз заминаи боэътимоди ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба фароҳам оварда шуда, афзорҳои пешбурди самараноки онҳо эҷод гардидаанд, миёни ҷумҳуриҳои мо муколамаи доимии гуногунсатҳи сиёсӣ ба роҳ монда шудааст, ки доираи васеи масъалаҳои мубрами шомили рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро фаро мегирад.
Натиҷаҳои муассири тайи чоряк аср ба шарофати саъю талошҳои муштарак бадастомада ба мо имкон дод, ки муносибатҳои байнидавлатиамонро то сатҳи шарикии стратегӣ боло барем.
Мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар ин маҷро итминони комил дорем ва омодаем, ки дар якҷоягӣ ҷиҳати боз ҳам пурратар ба кор гирифтани иқтидори бузурги созандаи онҳо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон тамоми тадбирҳои заруриро андешем.
Ба Шумо, муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич, сиҳатмандии комил, хушрӯзӣ ва дар масири таъмини шукуфоии мардуми дӯсти Туркманистон комёбиҳои ҷадид орзумандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин аз номи хеш сарфарозам ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти ҷумҳурии Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоям.
Дар овони баъд аз оғози робитаҳои дипломатӣ миёни давлатҳои мо муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва шарикии барои ҷонибҳо судманд рушди фаъол доштанд ва таҳкими бемайлони онҳо идома дорад.
Дарки он воқеият хурсандибахш аст, ки миёни чонибҳо манфиатдории муштарак ба идомаи минбаъдаи муколамаю ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳамаи арсаҳо бар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва суди ҷонибайни мардумони дӯсти Туркманистон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Имрӯз давлатҳои мо аз рӯйи самтҳои зиёд бомуваффақият ҳамкорӣ менамоянд ва мо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи ҷавобгӯ ба манфиатҳои дарозмуҳлати давлатҳоямон аҳамияти бузург медиҳем.
Туркманистон азми онро дорад, то дар оянда низ робитаҳои аз санҷиши замон гузаштаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии миёни кишварҳоямонро рушду тавсеа диҳад. Итминон дорам, ки муносибатҳои Туркманистону Тоҷикистон минбаъд низ бар нафъи мардумони мо пайваста инкишофу тараққӣ хоҳанд кард.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш мехостам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сидқан саломатии бардавом ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон ба хотири пешрафту шукуфоии мардуми дӯсти Тоҷикистон комёбиҳои нав таманно намоям».