Пешвои миллат ва бузургдошти модар
Нашр шуд. Чор, 07/03/2018 - 11:06
«Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Шоир низ бо дарназардошти ҳамин фазилатҳои модарон гуфтааст:
Файзи ҳастӣ аз вуҷуди меҳрубони модар аст,
Асли мо, ному нишони мо забони модар аст.
Суруди аввалине, ки ба гӯши фарзанд расида, ӯро хоби роҳат мебахшад, аллаи рӯҳнавози модар аст.
Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад.
Яъне бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад.
Модар бароямон на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад.
Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва нерӯи зиндагӣ ато мекунад.
Бинобар ин, мо вазифадорем, ки қадру манзалати занону модаронро ба таври шоиста ба ҷо орем ва дар хотир дошта бошем, ки сарчашмаи бузургии кулли бузургони ҷаҳон модар аст».
Иқтибос аз суханрониҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон