Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВИДЕО)
Маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олимақом бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Ҳамчунин тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор гаштанд.
Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки сафари аввалини ӯ ба Тоҷикистон дар маснади Сарвари давлат ба рушди тамоми маҷмӯи муносиботи ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
“Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, такконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”, таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Сарони давлатҳо оид ба ҷанбаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу робитаҳои башарӣ, иртибототи нақлиётӣ, истифодаи захираҳои обу энергетикӣ, амният ва мудофиа, ҳамчунин густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.
Сарони ду давлат дар аснои мулоқот ба доираи васеи масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳ карда, дидгоҳу назари хешро оид ба роҳҳову тариқаи ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи минтақаи Осиёи Марказӣ баён сохтанд.
Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ташаббусу ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ҷиҳати эҷоди фазои наву созандаи ҳамкории байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ комилан ҷонибдорӣ менамояд.
«Мо иқдомоти Шуморо дар мавриди эҷоди фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар фазои умумии мо самимона истиқбол гирифтем, зеро онҳо бо ҳадафҳои мо комилан созгору ҳамонҳанг мебошанд», — иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон унвонии Шавкат Мирзиёев.
Пас аз анҷоми мулоқоти хоса музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо иштироки ҳайатҳои ҷонибҳо идома ёфтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон музокироти ҷонибҳоро ҳамчун оғози марҳалаи нав дар муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ намуда, нақши муҳими Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар интиқоли ин муносибот ба маҷрои рушди созанда махсус таъкид кард.
Дар ин зимн Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев барои чунин талошҳои нек ва созандааш изҳори сипоси самимӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби худ ба Президент ва мардуми Тоҷикистон барои истиқболи бародарона ва меҳмоннавозии гарми ӯ ва ҳайати расмии ҳамроҳаш изҳори сипос намуда, қаноатмандии амиқи хешро аз натиҷаҳои музокирот иброз дошт.
Шавкат Мирзиёев тамоюлҳои мусбати овони ахирро дар муносибатҳои ҷонибайни ду кишвар, аз ҷумла ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол ва фаъол гаштани ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ, ки ба арзишҳои маънавии муштарак ва анъанаҳои ғании дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя менамоянд, баҳои баланд дод.
Дар иртибот ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ниятҳои баррасии ҳамаҷонибаи имконияти иштироки ҷониби Ӯзбекистонро дар бунёди иншооти гидроэнергетикииҶумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони НОБ-и Роғун баён кард.
Ҳамчунин, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла иқдоми эълон гардидани давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалҳои “Об барои рушди устувор” ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими амнияти минтақавӣ мавриди дастгирии ҷониби Ӯзбекистон қарор гирифтанд.
Мувофиқаҳои дар рафти музокирот бадастомада заминаи боэътимоди ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҳалталабро, ки тайи ду даҳсолаи ахир ба рушди табиии муносибатҳои ду кишвар монеа шуда буданд, фароҳам меорад.
Имрӯз қариб ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо карданд ва ин воқеият ба ҷонибҳо имконият дод, ки Шартномаи дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонанд.
Қарор оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз натиҷаи дигари муҳими мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор меравад.
Дар ин замина қарори ҷонибҳо оид ба марҳала ба марҳала барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон низ муассир мебошад.
Аҳамияти барқарорсозии ҳаракат аз тариқи роҳи оҳани қитъаи Ғалаба – Амузанг махсусан таъкид гардид. Ин иқдом на танҳо таъсири бузурги иқтисодӣ хоҳад дошт, балки омили беҳбудии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, ки дар он зиёда аз сеюним миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад, хоҳад шуд.
Қарордодҳои дар рафти гуфтушунид бадастомада ҳамчунин барои дар вақтҳои наздик барқарор кардани иртибототи ҳавоиву автомобилӣ байни дигар шаҳрҳо бар иловаи хатсайри ҳавоие, ки феълан байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар амал мекунад, заминаи заруриро ба вуҷуд меоранд.
Ҳамаи ин натиҷаҳо рафтуомади мутақобили шаҳрвандонро ба таври назаррас сабук гардонида, ҳамзамон ба минбаъд ҳам наздиктар шудани ду халқи бародар, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар робитаҳои ҷонибҳо мусоидат менамояд.
Дар рафти музокирот муҳиммияти рушди робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар, ки ба фаъолнок кардани унсури бунёдии муносиботи байнидавлатӣ — ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат менамояд, таъкид гардид.
Ҷонибҳо аз шаш баробар зиёд шудани тиҷорати дуҷониба дар вақтҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки ният доранд дар ояндаи наздик ҳаҷми онро ба ним миллиард доллар расонанд.
Тарафҳо муҳиммияти таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи фарҳангиву башарӣ таъкид намуданд. Дар ин замина сухан, аз ҷумла дар бораи он рафт, ки асарҳои адабии классикиву муосир ба забонҳои давлатии ду кишвар тарҷума гардида, сатҳи омӯзиш ва таълими забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ дар муассисаҳои таълимии Ӯзбекистону Тоҷикистон мутаносибан баланд бардошта шавад.
Сарони ду давлат, бо назардошти сатҳи баланди эътимоди сиёсии байни тарафҳо ва ҷидду ҷаҳди онҳо ҷиҳати тавсеа ва таъмиқи бемайлони ҳамкориҳояшон, дар мавриди омӯзиши масъалаҳои вобаста ба аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровардани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи шарикии байнидавлатии стратегӣ изҳори ният намуданд.
Ба ин восита тарафҳо на танҳо натиҷаҳои кори муштаракро дар марҳалаи кунунии муносибатҳояшон таҳким мебахшанд, балки самтҳои асосии рушду тавсеаи онҳоро барои дурнамои дарозмуддат, аз ҷумла дар соҳаи таъмини амният ва ҳамкорӣ дар мубориза бо хатароту таҳдидҳои муосир муайян менамоянд.
Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори боварӣ намуданд, ки сафари имрӯза марҳалаи наверо дар муносибатҳои дуҷониба ҳусни оғоз бахшида, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар раванди рушди мусбату созандаи онҳоро дар масири болоравии бебозгашт таҳким мебахшад.
Дар охири мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари ҷавобии давлатӣ даъват ба амал овард. Даъват бо камоли хушнудӣ пазируфта шуд.
Дар фарҷоми музокирот маросими баимзорасонии бастаи калонҳаҷми санадҳои дуҷониба, ки аз 27 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, сурат гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Изҳороти муштараки ҷонибҳоро дар хусуси таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ва Шартномаи байнидавлатӣ оид ба қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба имзо расониданд.
Дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шуданд:
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи автомобилии байналмилалӣ;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи ҳавоӣ;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар таъмини фаъолияти сарбанди “Фарҳод”;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон;
-Барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон;
-Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Тошканд оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридании андоз аз даромад ва сармоя;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи транзити боркашонии ҳарбӣ, махсус ва контингенти низоми тавассути ҳудуди давлатҳои Тарафҳо;
-Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;
-Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм;
-Созишнома байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ;
-Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ;
-Протокол оид ба боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи савдои озод аз 10 январи соли 1996;
-Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ташкили тартиби соддаи амалисозии амалиёти гумрукӣ ҳангоми гузаронидани маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
-Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мубодилаи маълумот, оид ба гузаронидани маҳсулот дар савдои мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
-Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи фаъолияти намояндагони сарҳадӣ;
-Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
-Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байни минтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.